Вохӯрии судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Рустамзода М.Р. дар қисми ҳарбии 02615 доир ба мавзуъи мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он

Санаи 07-06-2019 сол дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқшуда ва барқияи №38 аз 28-05-2019 сол конфронсия оид ба Суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣдар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар.

Инчунин вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо иштироки подполковники адлия Рустамзода Муҳаммадали Рустам судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе, полковник Азимов Бобокалон Абдукаримович – ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковник Нуралиев Рустам Раҷабалиевич афсари калони шуъбаи интизоми ҳарбии Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии ВМҶТ, майор Исломов Фируз Зокирҷонович муовини сардори шуъбаи Раёсати контразветкаи ҳарбии КДАМ ҶТ, майори-милитсия Қамариддинзода Амриддин ваколатдори калони оперативии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакил ва майори адлия Раҳмон Эмомали Раҷабализод сарнозирии сараёсати пешгирии коррупсияи агенти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсия гузаронида шуд. Оид ба тартиби саволу ҷавоб сурат гирифта ҳайати шахсии қисми ҳарби ба саволҳои бешумори худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва аз тарафи маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти чорабинии маскурро таъриқи шабакаи телевизиони иникос карда шуда тибқи маълумотномаи ҳайати фармондеҳии қисми ҳарбии 02615 таҳти №653 аз 11-уми июни соли 2019 тасдиқ карда мешавад.