Боздид аз Китобхонаи миллӣ дар “Рӯзи дарҳои боз”
Имрӯз роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз Китобхонаи миллӣ дар “Рӯзи дарҳои боз” дидан намуданд.
Китоб сарчашмаи дониш аст, моро бо гузаштаи дуру наздик мепайвандад, бо ҳаёти имрӯз, бо фарҳанги мардумони гуногун ошно месозад. Китоб моро дарси мардонагӣ, дарси одамият меомӯзад. Аз ин рӯ, китоб дӯсти беҳтарини инсон ва роҳнамои зиндагист.