Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бисту нуҳ сол муқаддам яъне 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Дар дарозои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту нуҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рўзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гўем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд. Зеро барои расидан ба сулҳи кулл ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсия ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.

Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрўза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандўстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист».

Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рўз аз рўз таҳкиму густариш меёбанд.

Ҳадафи аслии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст.

Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тўлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Дар соҳаҳои илму маориф, тиб, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ як силсила ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятнок муайян карда шудаанд. Ҳоло бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар натиҷаи ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона кардани беш аз 50%- и буҷети давлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ доир ба бунёд, таъмир ва аз навсозии инфраструктураи иҷтимоии соҳа пешравиҳои назаррас мушоҳида карда мешаванд.

Дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сафарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додем.

Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастем, ки дар остонаи 29-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерўю дониши худро дареғ намедоранд.

Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

 

  •  Раиси суди ҳарбии
  •  гарнизони Душанбе
  •  полковники адлия                                      Раҷабзода Ҳ.Н.