Нақшаи даъват дар қаламвари мамлакат 62 фоиз иҷро гардид

Дар давоми 20 рӯзи ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 62 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин радиф вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва зиёда аз 20 шаҳру навоҳии мамлакат аллакай аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Аз ҷумла давоми ду даҳрӯзаи моҳи апрели соли равон мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ натиҷаҳои дилхоҳу назаррасро ба даст оварда, иҷрои нақшаро ба 66 фоиз баробар намуданд. Дар ин замина, тавре қаблан хабар дода будем, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон низ муташаккилона ва дар сатҳи баланд идома дошта, масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз 1-ум то 20-уми апрели соли ҷорӣ иҷрои нақшаи даъвату гусели ҷавонписаронро дар шаҳру навоҳии ин вилоят ба 76 фоиз баробар намудаанд. Зимнан, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав ва шаҳри Норак нақшаи ба онҳо пешбинишударо сад фоиз  иҷро кардаанд.

Новобаста аз он, ки чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ идома меёбад, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ дар давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ аллакай 47 фоизи нақшаи даъвату гусели ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба итмом расонидаанд.

Бо ҳамин тартиб дар муддати 20 рӯз иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 41 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд.

Барои маълумот ёдовар мешавем, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел то охири моҳи майи соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома меёбад.

манбаъ: сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (mort.tj)