50 фоизи иҷроиш нақшаи даъват дар 10 рӯз

Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1-уми апрели соли равон, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5-уми марти соли 2024 таҳти №791 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.

Дар ин радиф бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Дар ин замина, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзҳои нахустини ин чорабинии муҳими сиёсӣ нақшаи пешбинишударо оид ба гусели ҷавонписарони синни даъватӣ сад фоиз ба анҷом расониданд ва иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол ба 55 фоиз баробар мебошад.

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар вилояти Хатлон аст, ки аллакай дар рӯзи аввали даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Мӯъминобод ва ноҳияи Носири Хусрав аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд ва дар вилояти Хатлон бошад иҷрои нақша 62 фоизро ташкил медиҳад.

Бо ҳамин тартиб чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 36 фоиз ва дар шаҳри Душанбе ба 30 фоиз баробар мебошад.

Умуман, аз 1 то 10-уми апрели соли 2024 иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 50 фоизро дар бар гирифта, наздики 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.

Манбаъ: Сомонаи расмии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (mort.tj)