Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак!

   

Ё Раб, ҳамаро ба субҳи фирӯз расон,

Пирӯз ба халқи меҳнатомӯз расон.

Ҳар дилшударо ба ёри дилсӯз расон,

Ё Раб, ҳамаро ба рӯзи Наврӯз расон.

Бо самимият ва эҳтироми беандоза тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Иди байналмилалии Наврӯз-2019 табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ ва бахту иқболи нек таманно менамоем.

Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Созмони миллали Муттаҳид рӯзи 21 мартро «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон намуд.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои поку нек ва созандагиву ободкорӣ, иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули он мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба чунин амалҳои воло ҳидоят кардааст. Наврӯз на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як айёми мусоид ва таконбахши созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Бори дигар Шуморо ба муносибати ин ҷашни бузург табрику таҳният гуфта, орзу менамоем, ки кору рӯзгоратон аз офтоби наврӯзӣ гарму нуронитар бошад.