Табрикоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бахшида ба Рӯзи Модарон – 8-уми март.

Табрикоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бахшида ба Рӯзи Модарон – 8-уми март

Роҳбарият ва кормандони Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён тамоми модарону хоҳаронро ба ифтихори ҷашни пуршукуҳашон табрику муборакбод намуда, барояшон хушрӯзиву хонаободӣ ва баракати зиндагиро таманно менамоянд.

Бо арзи этиром ва самимияти бепоён, ҳамаи модарону хоарони азизро ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон аз самими қалб табрик ва муборакбод гуфта, орзу менамоем, ки ҳамеша рӯзгоратон ободу дилатон шод бошад.

Иди байналхалқии занон аз фаро расидани фасли баҳор —арӯси сол ва эҳёи табиат мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ин рӯзи фараҳбахшро бо дилу эҳсоси гарм истиқбол мегирем.

Идатон муборак модарону хоҳарони азиз!