СОХТМОНИ ХУДСАРОНА ДАР ЗАМИНИ КИШОВАРЗӢ

Мувофиқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки онро давлат ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Аммо шаҳрванд Ҷониқулов Саидқул Иргашевич, дидаю дониста дар қитъаи замини худсарона ишғолнамудааш, бархилофи талаботҳои моддаи 22-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 63 ва 66-и Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми солҳои 2017-2018 масоҳати 2160 метри мураббаъ қитъаи замини кишоварзи (лалмӣ)-и хоҷагии ёрирасони ҳарбии “Душанбе”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Сафедчашмаи ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакиро ғайриқонунӣ ишғол карда, худсарона бе иҷозати мақомотҳои дахлдор ба сохтмон шуруъ намуда, дар он таҳкурсӣ рехта, деворҳои онро бо хишти гилӣ бардошта манзили истиқоматӣ бунёд кардааст.

      Тибқи харитаи заминистифодабарии хоҷагии ёрирасони ҳарбии Душанбе”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷониқулов С.И., дар масоҳати 2160 метри мураббаъ заминро ишғол намуда, дар масоҳати 18 метри мураббаъ дар тарҳи №850 ба ин хоҷагӣ тааллуқдошта сохтмон намудааст.

       Мувофиқи хулосаи мутахассисони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ қитъаи замини болозикршуда аз рӯи харитаи заминистифодабарии хоҷагии ёрирасони ҳарбии “Душанбе”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳи №850 ҷойгир буда, ба заминҳои таъиноти кишоварзии (лалмӣ) мансуб мебошад.

        Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 15-уми феврали соли 2019 Ҷаниқулов Саидқул Иргашевич мувофиқи моддаи 338 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 63-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100(сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ таъин карда шуд.

          

  •                     Муовини раиси суди
  •                     ҳарбии гарнизони Душанбе
  •                     полковники адлия                                                 Давлатзода Х.Л.
  •