Шахсе, ки ба хизмати ҳарби даъват шуда бояд ба ватани азизамон содиқона хизмат кунаду бо сари баланд ба пеши падару модараш равад, на ин ки даст ба ҷиноят зада, номуси ҷавонмардашро доғдор намояд.

          Хизматчии ҳарбӣ, ефрейтор Абдуқаюмов У.А бар хилофи талаботҳои моддаҳои 8,9,13,31,32 ва 152-и Оиномаи хизмати дохилаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 4,5,6,9,10 ва 11-и Оиномаи интизоми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтори дағалона намуда, санаи 03-уми июли соли 2018 тахминан соати 02:00 дақиқа дар дохили хобгоҳи сарбозони ротаи таълимӣ зертобеаш, қаторӣ Заҳробеков Дилшод Зулфиқоровичро, ки навбатчии рота буда, ғайриқонунӣ аз наряди рота озод намуда, ба назди худ даъват кардааст.

Сипас ефрейтор Абдуқаюмов У.А. аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматии худ баромада, номбурдаро ғайриқонунӣ супориш медиҳад, ки рафта барояш дар ягон зарф об орад. Дар ин ҷо қаторӣ Заҳробеков Д.З., рафта, дохили синфхонаи қисми ҳарбиро кофта, аммо ягон зарфи обгирӣ наёфтааст. Ҳангоми ба хобгоҳи сарбозон баргаштан дар бораи зарфи обгирӣ наёфтанаш ба ефрейтор Абдуқаюмов У.А., мегӯяд вале ӯ ба ғазаб омада, бе сабабҳои узрнок ва бо баҳонаи он, ки номбурда ба вай сари вақт оби нӯшиданӣ наовардааст, сараввал вайро унвонии апааш дашномҳои қабеҳ дода, сипас бо ҳарду дастонаш ба рӯи қатори Заҳробеков Д.З., 2 маротиба зарбаи сахт зада, ба охирин ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Мувофиқи хулосаи коршинос №64 аз 12-уми июли соли 2018 дида мешавад, ки дар бадани қаторӣ Заҳробеков Д.З., ҷароҳати ҷисмонӣ дар намуди шикасти манаҳи ҷоғи поён аз рост бо беҷошавии устухонпораҳо бо хунҷамъшавӣ (гематомма) дар ҳамин мавзеъ дарёфт гардидааст, ки мансуб ба зарари вазниниаш миёна ба саломатӣ дониста шудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Абдуқаюмов Умматқул Абдуваҳобович бо моддаи 391 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ мувофиқи ҳамин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол, бо адо намудани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзур. Бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 1 (як) сол таъин карда шудааст.

 

  •            Муовини раиси суди ҳарбии
  •            гарнизони Душанбе,  
  •            полковники адлия                                                          Давлатзода Х.Л.