Саркаши аз хизмати ҳарбӣ боиси ду сол маҳрум сохтан аз озодӣ гашт.

Чунончи маҳкумшуда Зулфиқоров Шарифбек Ҷурабекович, санаи 27 октябри соли 2018 бо қарори комиссияи даъватии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қобил ба хизмати ҳарбӣ доииста шуда, барои аз комиссияи назоратӣ гузаштан ба комиссариата ҳарбии шаҳри Душанбе ҳозир карда шудааст. Номбурда аз муоинаи духтурони комиссияи даъватии шаҳри Душанбе низ гузашта, қобил бо маҳдудияти ҷузъи эътироф карда шудааст ва барои минбаъд ба қисми ҳарбӣ равон кардан ба нуқтаи ҷамъшавии муввақатии навдаъватшавандагони комиссариата ҳарбии ноҳияи тобеъи ҷумҷур супорида шудааст.

Зулфиқоров Ш.Ҷ., аз санаи 27 октябри соли 2018 то 8-ноябри соли 2018 бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз адои хизмати ҳарбӣ саркаши намуда бо роҳи сохта худро бемор гирифта ҳар гуна фиребҳои дигар карда барои ба қисми харбӣ равон намудан монеъагӣ менамудааст.

Рӯзи 8 ноябри соли 2018 Зулфиқоров Ш.Ҷ, барои адои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 42660 АТАМ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст. Номбурда дар он ҷо низ аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, изҳор доштааст, ки ӯ барои маҳбас шудан розӣ буда, мақсади адои хизмати ҳарбиро надорад, инчунии изҳор кардааст, агар ӯро дар қисми ҳарбӣ монанд ӯ ба худкушӣ ё ба ягон ходисаи дигари нохуш даст мезанад.

Ҳамин тариқ Зулфиқоров Ш.Ҷ., бо максади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ саркаши намудааст.

Зулфиқоров Шарифбек Ҷурабекович бо моддаи 376 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда.

Ба ӯ бо ин кирдораш бо дастрасии моддаи 376 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол бо адо намудани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.

 

  •                      Судяи суди ҳарбии
  •                      гарнизони Душанбе
  •                      подполковники адлия                                                          Лоиқзода Н.А.