Сарбози сангхӯр

Баъзе нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд ҳатто сангро хӯранду аз хизмати  ҳарбӣ озод шаванд. Аммо сарбози гумроҳ Ибрагимов Отабек Исмоилович ба ин мақсади нопокаш нарасидааст.

Хизматчии ҳарбӣ, сарбози қаторӣ Ибрагимов О.И., 12-уми ноябри соли 2019 аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 42660 АТАМ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст. Ӯ хизмати ҳарбиро дар қисми ҳарбии мазкур иҷро карда, дар ин давом ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, 24-уми декабри соли 2019 ҳангоми дар қисми ҳарбии 02615 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувақатан қарор доштанаш, баъд аз хуроки нисфирӯзи истеъмол намудан дар назди худ мақсад мегузорад, ки бо роҳи узвмаъюбкунӣ бо бемории сохта мувақатан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ озод шавад. Бо ин мақсад номбурда 7-адад сангпораҳои ҳаҷмашон гуногунро фурӯъ бурда, бо ҳамин роҳ аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш дур шуда, санаи 28-уми декабри соли 2019 дар Беморхонаи марказӣ-ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ шудааст. Илова бар ин ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, бо мақсади аз иҷрои хизмати ҳарбӣ тамоман саркашӣ кардан дар назди даромадгоҳи шуъбаи 1-уми ҷароҳии Беморхонаи ҳарбии мазкур санаи 31.12 соли 2019 қарор доштанаш боз 10 — адад сангпораҳоро фуруъ бурдааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 12-уми феврали 2020 сол Ибрагимов Отабек Исмоилович бо моддаи 376 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол, маҳкум гардидааст.

 

  • Раисикунанда, Судяи суди
  • ҳарбии гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия:                                             М.Р. Рустамзода