Сарбоз бояд хизмат кунад на ин ки сарбози дигарро лату кӯб кунад.

Сарбозе, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бояд содиқона ба Ватани азизамон адои хизмат кунаду фахри падару модар шавад, на ин ки сари онҳоро дар ҷамъият хам кунад.

Мисол: Хизматчии қисми ҳарбӣ қаторӣ Ойев Ҳабибулло Умарович, 6 апрели соли 2017 бо қарори комиссияи даъватии шаҳри Ваҳдат ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, барои адои хизмати ҳарбӣ ба Маркази таълимии “Пойтахт”-қисми ҳарбии 0123 Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст. Дар асоси фармони командири қисми ҳарбии 0123 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.05.соли 2017, қаторӣ Ойев Х.У. барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 0113 ҳамин сохтор, воќеъ дар ноҳияи Лахш фиристонида шуда, номбурда ҳангоми адои хизмати њарбӣ дар чунин ҳолат даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

Чунончӣ ӯ 12.10. соли 2018 тахминан соати 19:30 дақиқа бархилофи талаботҳои моддаҳои 8, 9, 13, 14, 16, 64 ва 155 Оиномаи хизмати дохилӣ ва моддаҳои 1, 4, 5 ва 6-и Оиномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, бо мақсади нишон додани бартарии худаз дигар хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии мазкур, қаторӣ Дустов Русланҷон Ойбековичро бо баҳонаи он, ки гӯё қаблан ҳангоми дар дидбонгоҳи якуми сарҳадии қисми ҳарбии мазкур якҷоя адои хизмат намуданашон аз тарафи охирин мавриди лату кӯб  ва таҳқир қарор гирифтааст, ба назди ҳоҷатхонаи қисми ҳарбии мазкур, ки дар масофаи тахминан 15 метр дуртар дар пушти бинои анборҳои хӯрока ва нуқтаи тиббии қисми ҳарбии мазкур ҷойгир мебошад, даъват намудааст.

Сипас ӯ аз торикии шаб, танҳоии Дустов Р.О. ва ҷои хилват истифода намуда, ҳолати қаблан аз тарафи охирин мавриди лату куб шуданашро ба хотир оварда, ҳангоме, ки Дустов Р.О. аз қасди ҷинояткоронаи ӯ огоҳ набудааст, якбора бо каллааш як зарбаи сахт ба бинии Дустов Р.О. зада, ба охирин зарари ҷисмонӣ расонидааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, таҳти № 80 аз 03 январи соли 2019 ҷароҳати бардоштаи қаторӣ Дустов Р.О. дар намуди шикасти устухони хараки бини бо беҷошавӣ, латхурии бофтаҳои мулоими ин мавзеъ ҳамчун зарари сабук ба саломатӣ мансуб дониста шуда, на зиёда аз 21 рӯз ҷисми инсонро ноором месозад.

Ҳамин тариқ қаторӣ Ойев Ҳ.У. қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳоро дағалона вайрон намуда, бархилофи оиномаҳои боло зикршуда рафтор намуда, шаъну эътибори хизматчии њарбї сержанти хурд Абдурасулов Њ.Б.-ро, ки дар тобеияташ қарор надошта буд, паст зада нисбаташ қувваи зурии ҷисмонӣ истифода карда ба саломатии ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 4-уми феврали соли 2019 сарбози қатории қисми ҳарбии 0113 Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойев Ҳабибулло Умарович бо моддаи 373 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 1 (як) сол маҳкум гардид.

 

 

  •                     Судяи суди ҳарбии
  •                     гарнизони Душанбе
  •                      майори адлия                                                            Саидзода З.С.