САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

 

Имрӯзҳо хар як сокини-кишвари  азизро  таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи Рӯзи Вахдати миллӣ фаро гирифтааст. Таърихи зиёда аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба Истиқлолият, ки фарогири айёми мудҳиши даргириҳо дар оташи ҷанги бемантиқи дохилӣ  ва муваффақ  шудан ба сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллист, ба маънои томаш мактаби бузургу нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии миллист, ки тавассути он кишвари азизамон тавонист, худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нодири сулҳофар муаррифӣ намояд. Маҳз, сама­раи Ваҳдати Миллӣ ва тарғибҳои пайваста заминагузори ғояҳои ваҳдатгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаӣ байналмилалӣ дар мудати кутоҳи таърихӣ эътибори хосса пайдо намуд.

Ҳамин  аст, ки бо гузашти солҳо баъди анҷоми ҷанги шахрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат институтҳои воломақоми сатҳи ҷахонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконр ба хотири татбиқи он дар минтақаҳои пурхуруҷ ва даргири олам меомузанд. Солҳое, ки Тоҷикистон баъди расидан ба сулҳи умум аз cap гузаронд, марҳалаи рушди баркамоли кишварамон дар, ҳамаи сохаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад, ки -аз ба имзо расии Созишномаи умумии  Истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ  сарчашма мегирад. Сарпарасти сулҳи тоҷикон,  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали  Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бо Нуфузи байналмилалӣ  бо ҳаққу ҳуқуқи комили маънавӣ  роҳи ягонаи таъмини сулҳу амниятро дар кишварҳои ҷангзада, таҳаммули тарафҳои даргир ва нишастан паси мизи гуфтугӯ эълом доштаанд.

Аз дастоварлҳо ва бурду бохти он ёдовар шуда, таъкид  намудан лозим аст, ки бояд тамо­ми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрузу ояндасози; мо аз он ифтихор намоянд, а Мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати оли  ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии  Ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро  имрузҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, ҳамеша мо. бояд дар хотир дошта -бошем, ки рисолати мазкур мавсимй набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчи бештари  ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳой давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида боиси болоравии камолоти маънавии  мардум ва ҷомеа мегардад. Оре, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рузгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.

Бо мурури замон ва беш аз пеш неруманд шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳаёти ҷомеа ҳамаҷониба татбиқ гардидани қонуният, мубориза дар роҳи ноил, гардидан ба ваҳдати воқеии  аҳолии кишвар шаҳодати гуфтаҳои болост. Баргузории муҳокимаи умумихалқӣ ва бо иродаи мардуми кишвар санаи 22 майи соли 2016 ворид гаштани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат зуҳуроти беш аз пеш дар атрофи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат муттаҳид гар­дидани халқи Ватани маҳбубамон маҳсуб меёбад.   :

Расидан ба Ваҳдати миллӣ ин эҳёй Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни бунёди давлати навини соҳибистиклол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ  ва ; ягонаи Тоҷикистон, рисолати ! Ваҳдати миллӣ олитарин арзише аст, ки бе- майлон дар роҳи истеҳком ёфтан ва тараққӣ кардани он мусоидат менамояд.  Дар давраи ҳозира ва оянда ҳам рисолати Ваҳдати миллӣ зуҳуроти рӯшан ягонагии тамоми ҷомеаи мамлакат ва ҳамбастагии он бо давлату ҳукумат хоҳад буд.

 

 

 

 Раиси Суди ҳарбии

 гарнизони Душанбе                     

 полковники адлия                                  Раҷабзода Ҳотам Назар