Мурофиаи суди сайёр дар қисми ҳарбии 06870 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси суд полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н.

 

Имрӯз дар қисми ҳарбии 06870 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мусоев Ҳоҷихон Мусоевич бо моддаи 373 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе, полковники адлия РаҷабзодаҲ.Н. баррасӣ карда шуд. Инчунин  бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии номубрад вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешвоз ва ҷашн гирифтан Идҳои миллӣ, оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, оиди бандҳои дахлдори Нақшаи милли муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 ва Стратегияи миллии мубориза барзидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, инчунин оиди «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремизми ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳи худогоҳи ва хештаншиносӣ, оиди тарғибу ташвиқ намудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби 193 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, инчунин Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, бахшида ба 10 солагии таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, вобаста бо мақсади амали намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2017, вобаста ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчуни бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо, сӯҳбату вохӯриҳо гузаронид.

Ҳамзамон ҳайати шахсии  қисми ҳарбии 06870-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.