Мурофиаи сайёри судӣ дар Маркази милли таълими мубориза бо терроризм ва маводи мухаддири Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Лоиқзода Н.А.

Санаи 11-уми марти соли 2020 дар Маркази милли таълими мубориза бо терроризм ва маводи мухаддири Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Лоиқзода Н.А. бо котибии лейтенанти калони адлия Қаҳоров Ш.К., айбдоркунандаи давлатӣ лейтенанти адлия Пирзода Б.Р., дар маҷлиси кушодаи сайёри судӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати   Низомиддини Ҷумахон бо моддаи 373 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Имрӯз судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Лоиқзода Н.А., бо ҳайати шахсии Маркази милли таълими мубориза бо терроризм ва маводи мухаддири Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешвоз ва ҷашн гирифтани Идҳои миллӣ, оиди амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии мубориза барзидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремизми ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳи худогоҳи ва хештаншиносӣ, суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд.