Мурофиаи сайёри судӣ аз ҷониби судяи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Лоиқзода Н.А., дар қисми ҳарбии 13003 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 февралири соли 2021 дар қисми ҳарбии 13003 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси кушодаи сайёри судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шарипов Идрис Хурсандмуродович бо моддаи 376 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

  Ҳамзамон судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Лоиқзода Н.А., бо котибии лейтенанти калони адлия Қаҳоров Шарофҷон Киромидинович дар қисми ҳарбии 13003 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи  дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, инчунин Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарњанги миллї, инчунин њидоят намудани фарзандон ба зиндагии мустақилона, фарҳанги оиладорӣ ва устувор нигоҳ доштани оилаҳо, суҳбату вохуриҳо гузаронид.