ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи озод намудани судяҳо

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Латифзода Манзура аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шавад.
2. Ваколати судяи суди шаҳри Душанбе Муминзода Ҳусейн бинобар вафоташ қатъ карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 апрели соли 2020
№1520