Адолати судӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ

Адолати судӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ

Боби 33
Ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ

1) Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ — он ҷиноятҳои пешбини намудаи эътироф карда мешаванд, ки ба муқобили тартиботи муқарраргардидаи адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар даъват ё ба тартиби ихтиёрӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, содир шудаанд, ҳамчунин
аз ҷониби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ҳангоми гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ё ашхосе, ки мутобиқи қонунҳои ҷорӣ мақоми хизматчии ҳарбӣ доранд, содир шудаанд.

Ашхосе, ки дар моддаи 366 нашудаанд, барои шарики ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ аз рӯи маддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс ба сифати ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

1. Асоси ҳукуқии муқаррар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар моддаи 43-и он ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шарҳрванд эълон шудааст. Ин талабот шаҳрвандонро аз саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбиро аз вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи хизмати ҳарбӣ манъ мекунад.

Хизматчиёни харбӣ барои содир намудани ҷиноят новобаста аз рутбаи ҳарбӣ ва мансаби ишғолнамуда дар асосҳои барои ҳама шаҳрвандон умумӣ дар асоси Оинномаи хизмати дохилиӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Аммо бо назардошти махсусиятҳои вазъи ҳуқуқӣ онҳо метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ на фақат барои содир намудани ҷиноятҳои умумиҷиноӣ, балки ҷиноятҳои махсус, яъне, ҷиноятҳои ҳарбӣ аз рӯи меъёрҳои ҷудогонаи барои онҳо муқаррарнамудаи қонунгузории ҳарбӣ ҷиноятӣ кашида шаванд.

Меъёри муҳим ва муайянкунандаи мундариҷа ва ҳаҷми ҷавобгари барои ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ меъёрҳои дар боло номбаршудаи м.366 КҶ ба шумор мераванд. Мувофиқи моддаҳои боби мазкур сохтмончиёни ҳарбии отрядҳои (қисмҳои) ҳарбӣ сохтмонии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ, ки дар замони ҳарбӣ ё худ дар вазъияти ҷангӣ содир шудаанд, аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҳарбӣ муқаррар карда мешаванд.

2. Мафҳуми ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ яке аз шаклҳои мафҳуми умумии ҷиноят мебошад, ки дар м.17 КҶ зикр шудааст. Вай кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳкоронаи барои ҷамъият хавфнокест, ки ҳамин Кодекс бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст. Махсус қайд кардани мафҳуми хоси ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ аз зарурати таҷзияи он бо таркиби дигари ҷиноятҳое, ки дар КҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд, бармеояд.

3. Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ ҳамчун яке аз навъҳои мафҳуми умумии ҷиноят ҳама аломатҳои онро доро мебошад:
а) ба ҷамъият хавф будани он;
б) зиддиҳуқуқӣ будани ҷиноят;
в) гунаҳкорӣ, ва
г) сазовори ҷазо будан.
Аммо ин аломатҳо хусусияти муайяни ҳарбӣ доранд, ки аз характерӣ хизмати ҳарбӣ бармеоянд.
Ба ҷамъият хавфнок будани ҷиноят дар расонидани зарари чиддӣ ё таҳдиди расонидани чунин зарар ба манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат, ки бо қонуни ҷиноятӣ ҳимоякардамешаванд, зоҳирмегардад. Ҷиноятҳои алоҳида ба муқобили хизмати ҳарбӣ низ ба манфиатҳои номбаршуда зарар мерасонанд, масалан, истифодаи зӯроварӣ дар ҳаққи сардор (м.370 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ё вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми набудани тобеияти хизмати байни онҳо (м.373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба саломатии хизматчии ҳарбии ҷабрдида зарар мерасонанд. Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиен хавфи зиёд доранд (м.387 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), вайронкунии қоидаҳои парвоз ё тайёрӣ ба он (м.391 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ғайраҳо ба амнияти ҷамъиятӣ зарар меоранд.

Ин манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар ҳолатҳои дигар тавассути меъёрҳои умумиҷинояти метавонанд ҳифз шаванд. Лекин дар паси ҷиноятҳои ҳарбӣ бошад, манфиатҳои дигар ва хеле баландтар — амнияти миллии ҳарбӣ меистад, ки ба сифати объекти асосии ҷинояти ҳарбӣ эътироф мегардад. Таҳти мафҳуми амнияти ҳарби ҳолати муҳофизатшавии мусаллаҳонаи мамлакат аз таҷовузи мусаллаҳонаи беруна фаҳмида мешавад. Функсияи муҳофизати мусаллаҳонаро Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ иҷро мекунанд. Ҳаргуна ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ, дар кадом дараҷае, ки зоҳир нашавад, тайёрии ҷангии қушунҳои ҳарбиро ваирон мекунад, яъне ба бехатарии (амнияти) ҳарбии мамлакат зарар мерасонад.

Ҳамин тавр, ҷиноятҳо ба муқобили хизмати харбӣ- яке аз таҳдидҳо ба амнияти ҳарбии давлат буда, хавфи он дар расонидани зарари ҷиддӣ ё таҳциди чунин зараррасони ба манфиатҳои амнияти ҳарбии мамлакат зоҳир мегардад Зиддиҳуқуқӣ будани ҷиноят дар он ифода меёбад, ки ваи кирдоре мебошад, ки дар қонуни ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. ҳаракат (ё беҳаракатӣ) ҷиноят эътироф намешавад, агар дар КҶ нишон дода нашуда бошад. Аҳамияти ҳуқуқиро меъёре дорост, _ки агар он ҷавобгариро барои ҷиноятӣ мазкур пешбини намудааст, Ин дақиқкорӣ аз он хотир аҳамияти принсипиали дорад, ки як кирдор дар таркибҳои гуногуни ҷиноятҳо ҳамчун аломат метавонад дохил шавад. Масалан, агар корманди милитсия шаҳрвандеро лату кӯб кунад, ин кирдор ё ҷиноят ба муқобили шахсият (агар сабаби кирдор шахсӣ, маишӣ бошад) ва ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ҳисоб мешавад, агар бо ҳамин восита гунаҳкор вазифаҳои хизматии худро ҳал кардан хоста бошад. Бинобар ин, вобаста ба он ки объекти таҷовуз умумӣ ё махсус аст, ҷиноятҳо дорои сифати зиддиҳуқуқии умумӣ (ҷинояте, ки ҳар шахси мукаллафи ба синни дахлдор расида содир кардааст) ё зиддиҳуқуқии махсус (ҷиноятҳое, ки дар соҳаҳои махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути категорияҳои махсуси ашхосе, ки дар ин соҳаи муносибатҳо дохил мешаванд) мебошанд.

Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ дорои хусусияти зиддиҳуқуқии махсус мебошанд, яъне ҳамонҳое, ки Дар боби 33 КҶ ҶТ номбар гардидаанд. Дигар ҷиноятҳое, ки аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ содир шуда, ба манфиатҳои хизмати ҳарбӣ (масалан, дуздидани амволи ҳарбӣ, ғаир аз дуздидани яроқи оташфишон, лавозимоти ҳарбӣ ва техникаи ҳарбй ва ғайра) зарар меоранд, ба шумори ин ҷиноятҳо дохил намешаванд ва бояд аз рӯи дигар моддаҳои КҶ бандубаст шаванд. Аз тарафи дигар, ҳама кирдорҳое, ки аломатҳои ҷиноятҳои дар боби 33 нишондодашударо дороанд ва ҳамзамон бо меъерҳои умумиҷиноятӣ мувофиқат доранд, бояд аз рӯи моддаҳои дахлдори ин боб, на мувофиқи моддаҳои умумии КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандубаст шаванд.
Меъёри ҷиноятӣ-ҳуқуқии ҳарбӣ бояд ҷазои ҷиддитарро назар ба меъёри умумиҷиноятӣ, ки аз рӯи аломатҳои объективи ба он мувофиқат мекунад, пешбинӣ намояд. Лекин дар Кодекси ҷиноятии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикитон ин принсип ба эътибор гирифта нашудааст. Масалан, истифодаи зуровари дар ҳаққи сардор расонидани зарари вазнинро дар бар мегирад (қ.2 м.370 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад, яъне воқеан дар ҳамон андозае, ки меъёри умӯмиҷиноятӣ оид ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (қ.1 м.110 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон санксияро аз 5 то 10 сол муқаррар кардааст). Ё ин ки, дар қ.қ.2 ва 3 м.110 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазое муқаррар шудааст, ки аз санксияи м.370 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтар аст (то 15 ва 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ).
Ин ҷобаҷогузории и санксияҳо чунин далелеро сарфи назар месозад, ки ҷиноятӣ мазкур на фақат ба инсон, балки ба амнияти ҳарбӣ низ зарар мерасонад ва аз ин хотир, қонуни ҷиноятӣ барои чунин кирдор ҷавобгарии боз ҳам ҷидитареро бояд муқаррар намояд.

Хусусияти зиддиҳуқуқии ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ, инчунин дар он зоҳир мешавад, ки ҳамаи ин ҷиноягҳо, ки характери бланкетӣ доранд, на фақат манъкуниҳои ҳуқуқииҷиноятиро халалдор мекунад, балки қоидаҳои хизмати ҳарбиро, ки дар оинномаҳои ҳарбӣ, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зикр шудаанд, вайрон мекунанд. Мазмуни ҳар як ҷинояти ҳарбиро танҳо ба воситаи таҳлили меъёрҳои мушаххаси ҳарбию ҳуқуқӣ, ки ҷавобгарӣ барои вайрон кардани онҳо пешбинӣ шудааст, фаҳмидан ва дарк кардан имконпазир аст.

Масалан, бе муроҷиат ё худ шиносоӣ ва таҳлили Оинномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ (посбонӣ) дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти аз тарафи гунаҳкор вайрон кардани қоидаҳои хизмати посбони ва оқибатҳои фарорасидаи онро дарк кардан мумкин нест. Хизматчии ҳарбиро дар ин ё он ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ гунаҳкор эътироф карда истода, ҳар вақт аниқ кардан лозим аст, ки кадом қоидаҳои мушаххаси хизмати ҳарбӣ вайрон карда шудааст ва зимни он сарчашмаи дахлдор бояд нишон дода шавад. Агар чунин алоқаро муайян кардан имкон набошад, пас характери ҳарбии ҳуқуқвайронкунии содиршуда зери шубҳа қарор мегирад.
Гунахкорӣ — яке аз аломатҳои асосии ҷиноят (қ.1 м.17 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикитон) мебошад. Муқаррар кардани гуноҳ принсипи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани кирдори барои ҷамъият хавфнок ва ба вуқӯъ пайвастани оқибат (м.7 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ) ба шумор меравад. Қасд ва беэҳтиётӣ, ки дар онҳо гуноҳ зоҳир мешавад, инчунин, тавсифи ҷиноят бо ду шакли гуноҳ, аломатҳои бегуноҳ расонидани зарар дар м.м.27-31 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ки бидуни ҳеҷ гуна ихтисор нисбат ба ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ истифода мешаванд. Махсусияти онҳоро мазмуни гуноҳ ташкил медиҳад. Гуноҳ на фақат ба кирдори ба ҷомеа хавфнок ва оқибагҳои ба вуқӯъ пайвастаи он, балки ба кирдоре мансуб аст, ки вайрон шудани тартиби адои хизмати ҳарбӣ ва оқибатҳои онро ташкил медиҳад, ки дар расонидани зарар ба қобилияти ҷангии сохтори ҳарбӣ, амнияти ҳарбии давлат зоҳир мегардад. Гунаҳкор ин ҳолатҳоро дарк мекунад (зимни қасди бевосита ё бавосита ё худбоварии ҷиноятӣ) ё дарк накунад ҳам, лекин мебоист ва метавонист дарк кунад (ҳангоми бепарвоии ҷиноятӣ).
Муайян кардани шакли гуноҳ вобаста ба таркиби мушаххаси ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ мушкилоти муайяне дорад, ки бо хусусиятҳои конструк- тивии баъзе таркибҳо ва зарурати риояи талаботи қ.2 м.27 КҶ қайду шарт шудааст. Ин хусусиятҳо ҷавобгариро барои кирдори аз беэҳтиётӣ содиршуда дар ҳолатҳое маҳдуд мекунад, ки махсус бо моддаҳои дахлдори Қисми махсуси КҶ пешбини гардидаанд. Нишондиҳандаи асосии шакли гуноҳ муносибати рӯҳии (психикии) шахс ба кирдор аст: мувофиқи қ.1 м.27 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шахсе дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор эътироф мешавад, ки ӯ ин кирдорро қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда бошад. Дар ин ҳолат муносибат ба оқибатҳо метавонад қасдан ва беэҳтиётона бошад.

Сазрвори ҷазо будани ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ аз он ҷиҳат характернок аст, ки барои ҳамаи ин ҷиноятҳо ин ё он ҷазои ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад. Номгуи навъи ҷазоҳо дар санксияҳои моддаҳо, ки ҷавобгариро барои ҷиноятҳои ҳарбӣ пешбинӣ мекунанд, бо гуногунрангиашон фарқ намекунанд. Аз ҷазоҳои умумӣ — маҳрум сохтан аз озодӣ бартарӣ дорад ва дар баъзе моддаҳо ҷарима бештар мебошад. Аз ҷазоҳои махсуси дар санксияҳо зиёдтар истифодашаванда бошад, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ва маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб мераванд. Аз дигарон бештар нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ карда мешавад.

Аз ҷазоҳои иловагӣ — маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғол кардани мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ва маҳрум кардан аз рутбаи ҳарбӣ татбиқ шуда истодааст.

4. Иҷрои вазифаҳоихизмати ҳарбӣ бо риояи қоидаҳои муайян амалӣ мешавад, ки тавассути оинномаҳои ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ, фармонҳо муқаррар шудаанд. Риоя накардани тартиби муайяншудаи адои хизмати ҳарбӣ ба парокандаги, иҷро нашудани вазифаҳои гузошташуда, расонидани зарарҳои ҷисмонӣ, моддӣ ва дигар навъи зарар бурда мерасонад. Кирдорҳое, ки тартиби адои хизмати ҳарбиро вайрон намекунанд, ба дигар навъи ҷиноятҳо мансуб мебошанд. Хизмати ҳарбӣ тартиботи муайяни муносибатҳои ҳарбию хизматӣ буда, ин муносибатҳо ба умумӣ ва махсус ҷудо мешаванд. Муносибатҳои ҳарбии умумӣ — муносибатҳое мебошанд, ки субъекти онҳо ҳама хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор мераванд. Муносибатҳои махсус дар соҳаҳои махсуси фаъолияти хизмати ҳарбӣ, ки бо ҳалли масъалаҳои муайян алоқаманд мебошанд, пешбинӣ карда мешаванд. Субъекти муносибатҳои мазкур на ҳама, балки категорияи алоҳидаи хизматчиёни ҳарбӣ шуморида мешаванд.
Гурӯҳбандии муносибатҳои ҳарбӣ ба умумӣ ва махсус ҳангоми созмон додани тартиби ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд: баъзе ҷиноятҳо муносибатҳои умумиро вайрон мекунанд, баъзеи дигар муносибатҳои махсусро. Ба гурӯҳи аввал ҷиноятҳо ба муқобили тартиби тобеият ва қоидаҳои оинномавии мӯносибатҳои байниҳамдигарӣ (м.м.367-372 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҷиноятҳо ба муқобили тартиби будубош дар хизмати ҳарбӣ (м.м.374- 376 КҶ), инчунин ҷиноятҳо ба муқобили ҳифзи амволи ҳарбӣ (м.м.386, 388 КҶ) дохил мешаванд. Дар асоси ин ҷиноятҳо вайрон кардани талаботе меистад, ки барои ҳама хизматчиёни ҳарбӣ ҳатмӣ мебошад. Ҷиноятҳои боқимонда характери махсусро дороанд: ин ҷиноятҳо ба муқобили тартиби муқарраршудаи адои навъҳои махсуси хизмат (м.м.377-381 КҶ), инчунин ҷиноятҳо ба муқобили тартиботи муқарраршудаи истифодаи бехатари воситаҳои алоҳидаи ҳарбию техникӣ (м.м.389, 390 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошанд.

Тартиби умумии муносибатҳои ҳарбӣ афзалан тавассути Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон ва муносибатҳои махсус бошад, вобаста ба навъи онҳо бо ҳамин Оиннома, инчунин бо Оинномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулии (посбонии) Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои махсуси меъёрию ҳукуқӣ ва фармонҳои ҷудогона танзим карда шудаанд.

Самтҳои нигаронидашудаи кирдорҳо ба муқобили тартиби адои хизмати ҳарбӣ бо роҳҳои гуногун муайян карда мешавад. Нишондиҳандаи асосӣ характери худи кирдор, инчунин дигар ҳолатҳои объективии содиршавии кирдор ба ҳисоб меравад. Масалан, итоат накардан, муқобилият ба сардор, фирор ва баъзеи дигар аз руи табиаташон ҳуқуқвайронкуниҳои ҳарбӣ ба шумор рафта, ҳеҷ гуна ҷиноятҳои навъи дигар буда наметавонанд.

Дар дигар таркибҳо объекти таҷовуз бо аломатҳои махсусашон муайян карда мешаванд. Чунончӣ, истифодаи зӯроварӣ дар ҳаққи сардор (м.370 КҶ), ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбиро ташкил медиҳад, агар истифодаи зӯровари вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби сардор содир шуда бошад, ё ин ки дар лаҳзае ба вуқӯъ пайваста бошад, ки сардор вазифаи ҳарбиашро иҷро мекард. Несту нобуд- ё вайрон кардани амволи ҳарбӣ (м.386 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи воситаҳои ҳарбию техникии хавфдошта (м.м.387-390 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷинояти ҳарбиро ташкил медиҳанд, агар гунаҳкор ба ҳамон предметҳое таъсир карда бошад, ки дар моддаҳои номбаршуда зикр шудаанд. Агар дар кирдори содиршуда аломатҳои махсуси зикршудаи объект мавҷуд набошанд, вай ба сифати ҷинояти ҳарбӣ баррасӣ шуда наметавонад, аммо дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои дахлдор, чунин кирдор ҳамчун ҷинояти умумиҷиноӣ квалификатсия карда мешавад.
Характери махсуси объекти ҷиноят ба муқобили хизматчии ҳарбӣ (тартиби муқарраршудаи адои он) махсусияти ин кирдорро муайян мекунад, ки ба тартибо-ти зикршуда таҷовуз кардааст. Ин таҷовуз дар вайрон кардани ин ё он қоидаҳои дар оинномаҳои ҳарбӣ, дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ зикршуда оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ зоҳир мешавад. Дар ҳар вазъияти мушаххаси содир шудани ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ сарчашмаҳои меъёриро аниқу дақиқ муайян бояд кард.

Алоқаи ҷиноят бо қоидаҳои мушаххас на фақат барои он аҳамият дорад, ки ҷинояти содиршуда ба ин ё он ҳуқуқвайронкунии ҳарбӣ мансуб дониста шавад, балки барои он низ зарур аст, ки характери оқибатҳои ҷиноят дуруст ташхис карда шаванд. Тартиби адои хизмати ҳарбӣ барои амалӣ гардонидани вазифаҳои дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ гузошташуда муқаррар шудааст, ки мақсад аз он таъмини қобилияти мудофиавии худи онҳост.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳофизати давлат бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳона бунёд карда мешаванд. Ба мудофиа инчунин қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ ва дигар сохторҳо ҷалб карда мешаванд (м.1). Аз ин хотир, оқибати вайрон кардани тартиби адои хизмати ҳарбӣ ин ҳамеша зараре ҳаст, ки бо суст гардидани қобилияти мудофиавии қӯшунҳо ва тайёрии ҷангии онҳо, иҷро нагардидани вазифаҳое алоқаманд мебошанд, ки дар назди сохторҳои ҳарбӣ гузошта шудаанд, инчунин ба таҳдидҳое алоқаманданд, ки ба объектҳои гуногун, ки ҳимояи онҳоро сохтори ҳарбӣ ба амал мебарорад, дахл доранд.

Нақшаи фаъолияти адолати судӣ баҳри раванди барқарори, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар таҷрибаи ҳамарӯзаи судҳои ҳарбии гарнизонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабули анадҳои қонунии судӣ ва барқарор сохтани адолати иҷтимои зоҳир мегардад.

Қобили зир аст, ки ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инссон на танҳо бе воситаи таъни ҷазо ба шахси ҷиноят содир карда балки бо роҳи баровардани ҳукми айбдоркунӣ, инчунин бо воситаи қабули ҳалномаҳо ва таъинотҳои судӣ ва барқарор сохтани манфиатҳои халалдорсохташуда зоҳир мегардад.

Доир ба парвандаҳои оилавӣ, гражданӣ дар солҳои ҷори аз ҳисоботҳои омории суди ҳарбии гарнизони Душанбе дида мешавад, ки Зарар дар шаклҳои гуногун — ҷисмонӣ, моддӣ, ташкилӣ, сиёсиву давлатӣ, маънавӣ, ахлоқӣ психологӣ зоҳир мешавад. Зарари ҷисмонӣ дар истифодаи зӯрӣ дар ҳаққи хизматчиёни ҳарбӣ, алалхусус саломатии онҳо (масалан, ҳангоми истифодаи зӯроварӣ дар ҳаққи сардор вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбии ӯ ё ҳангоми иҷрои ин вазифаҳо — м.370 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) зоҳир мешавад. Зарари ҷисмонӣ нишондиҳандаи коҳиш ёфтани кудрати мудофиавии сохтори ҳарбист, чунки дар натиҷаи таъсири рӯирост ва тахдид ҷабрдида метавонад муносибати худро ба хизмат тағйир дода, нисбат ба зердастон талаботро суст намояд.

Зарари моддӣ дар бегона кардан, вайрон кардан ва ё несту нобуд кардани амволи ҳарбӣ (м.м.386, 388 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), дуздидани амволе, ки ба нигаҳбонии қаровул супурда шудааст ва ғайра (м.379 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), фаҳмида мешавад.

Зарари ташкилӣ дар иҷро нагардидани чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ, вазифаҳои гузошташуда, ё худ аз даст рафтани идоракунии ҳарбӣ зоҳир мешавад. Ин оқибат рӯирост шуданаш мумкин аст, масалан, дар натиҷаи иҷро накардани фармон (м.368 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), вақте ки зердаст супориши ба ӯ додашударо иҷро намекунад. Вай метавонад характери бавосита дошта бошад, яъне тавассути зарари моддию ҷисмонӣ ифода ёбад. Чунончӣ, дар натиҷаи лату кӯб кардани сардор қисми ҳарбӣ бе идоракунӣ монда, супориш ва ё вазифаи муҳимро анҷом дода наметавонад, ки инро ҳамчун оқибати вазнин (банди «в» қ.2 м.369 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) баррасӣ кардан мумкин аст.

Зарари давлатӣсиёсӣ дар поймол шудани манфиатҳои муайяни давлатӣ дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои адои навъҳои махсуси хизмати ҳарбӣ, ки ба ҳимояи ин манфиатҳо равона шудаанд, зоҳир мешаванд. Чунончи, вайрон кардани қоидаҳои баҷооварии навбатдории ҷангӣ (м.377 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба манфиати амнияти давлат халал ворид мскунад; вайрон кардани қоидаҳои ба ҷо оварии хизмати сарҳадӣ (м.378 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба амнияти берунии давлат тахдид мекунад, зеро ҳифзи сарҳади давлатиро хароб месозад; вайрон кардани қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъияти (м. 381 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба амнияти дохили давлат ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон тахдид меоварад.

Зарари маънавӣ, чун қоида, бо расонидани зарари ҷсмонӣ (бо истифодаи зӯроварӣ) алоқаманд аст (м.369-371 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), аз он хотир, ки ҳамагуна зӯроварӣ шаъну шарафи шахсиятро паст мезанад. Аммо як қисм таркиби ҷиноятҳо зарари маъна- виро ба ҳайси аломати асосии таркиби ҷиноят пешбинӣ мекунад. Инҳо — вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо вобаста ба паст задани шаъну эътибори онҳо (м.373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), таҳқири хизматчии ҳарбӣ (м.372 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошанд. Хавфнокии ин ҷиноятҳо танҳо бо паст задани шаъну эътибори шахсият махдуд намешавад. Дар натиҷаи ин таҳқирҳо хизматчии ҳарбӣ метавонад сифатҳои за-рурии ахлоқиву иродавӣ ва эҳсоси рафоқати дастаҷамъиро гум кунад, ки ин ҳолат боиси ба вуҷуд омодасозии ҳарбӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ мегардад.
Зарари ахлоқию психологӣ метавонад оқибати дилхоҳ ҷиноят бошад, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содир шудаанд, зиёда аз ин, агар ин ҷиноятҳо характери оммавӣ пайдо кунанд (масалан, дар мавриди саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, дуздии амволи ҳарбӣ ва ғайра.). Барои баъзе ҷиноятҳо ин гуна зарар бештар хос аст, чунончӣ барои саркашӣ аз иҷрои фармон (м.368 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ҷиноятҳои мансабӣ (м.м.391 ва 392 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Таҳлили оқибатҳои ҷиноятҳое,ки дар вайронкардани қоидаҳои ба ҷо овардани навъҳои махсуси хизмати ҳарбӣ — навбагдории ҷангӣ (м. 377 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), хизмати сарҳади (м.378 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), хизмати қаровулӣ (м.379 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), хизмати дохилӣ ва гардиши по-сбонои дар гарнизон (м.380 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ (м.381КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ифода мегарданд, таваҷҷӯҳи хосаро тақозо менамояд. Аз рӯи моҳияташон онҳо муҳофизавӣ мебошанд, аз ин сабаб ба натиҷаи вайронкунии қоидаҳои мазкур ҳамон зараре мансуб аст, ки ба объекти ҳимоятшаванда расонида шудааст. Бинобар ин, ба объектҳои дигар расонидани зарар аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ поймолкунии қоидаҳои махсус ҳисоб намешавад.

Дар бисёр таркибҳои ҷиноятҳо вайронкунии қоидаҳо бо зараррасонӣ ба объектҳои муҳофизатшаванда нисбат дода мешавад (масалан, дар қ.1 м.м.377, 378, 379, 381 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Аммо дар таркибҳои дигар чунин «тавзеҳ» нест. Дар онҳо оид ба оқибатҳои вазнини вайронкуниҳои қоидаҳо новобаста аз он ки зарар ба кадом объект расонида шудааст, сухан меравад ва ин ҳолат барои тафсири васеи ин оқибатҳо замина мегузорад (қ. 2 ва 3 м.м.377, 378, 379, 381 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Таркиби вайронкунии қоидаҳои адои навъҳои махсуси хизмати ҳарбӣ аз рӯи конструксияи худ асосан характери моддӣ дорад, яъне зараррасонии воқеиро ба объекти муҳофизатшаванда пешбинӣ мекунад. Агар вайронкунии қоида ҷой дошта бошаду ба объект зарар ҳанӯз нарасида бошад, пас мавҷудияти таркиби ҷиноятро эътироф кардан мумкин нест. Аммо дар ду модда — м.377 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо оварии навбатдории ҷангӣ» ва м.378 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ» на фақат расонидани зарари воқеӣ ба манфиатҳои ҳимояшаванда, инчунин имконияти расонидани чунин зарар пешбинӣ шудааст.

5. Ба шумори аломатҳои ҳатмӣ ва махсуси ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ инчунин аломатҳои субъекти ҷиноятро мансуб медонанд. Субъекти ин ҷиноят метавнад фақат хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиётбуда (запас) вақти гузангганашон аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ бошанд. Онҳо метавонанд субъектони дигар ҷинояпҳои умумӣ низ бошанд, аммо субъект ва иҷрокунандагони ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ ғайр аз онҳо каси дигар буда наметавонад.

Субъекти ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ бояд дорои ҳама аломатҳои субъекти умумии ҷиноят бошад: вай бояд мукаллаф бошад ва синну солаш аз 18 сол камтар набошад (м.23 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ғайр аз ин, вай дорои дигар аломатҳои иловагие бошад, ки дар қонун зикр шудааст.

Аломати муайянкунандаи субъекти ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ- мансуб будани шахс дар лаҳзаи содир шудани ҷиноят ба хизмати ҳарбист. Мувофиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ин хизмати ҳарбӣ» шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо мскунад, хизматчии ҳарбӣ буда, дорои вазъи ҳуқуқиест, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Хизмати ҳарбӣ на танҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар сохторҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд, ки онҳоро дар қатори ин қонун, инчунин дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.
Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шахсе хизматчии ҳарбӣ шуморида мешавад, ки агар вай хизмати ҳарбию дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қушунҳои сарҳадии Кумитаи Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (якҷоя бо мақомоти идоракунии идораҳои зикршуда), қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агнтии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисоди ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи мудофиа” созмонёбанда адо мекарда бошад.

Категорияҳои хизматаиёни ҳарбӣ дар моддаи 5 Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд. Азбаски амали Оиннома ба дигар мақомоти дар боло номбаршудаи ҳарбӣ ва сохторҳои он дахл дорад, ин категорияҳо барои ҳама хизматчиёни ҳарбӣ ягона ба ҳисоб меравад.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ дохил мешаванд: афсарон, нрапоршикҳо, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, сержантҳо, старшинаҳо ва аскарҳое, ки бо тартиби ихтиёрӣ адои хизмат мекунанд, сержантҳо, старшинаҳо ва аскарҳо, ки тибқи даъват адои хизмати ҳарбӣ мекунанд, инчунин курсантҳои муассисаҳои ҳарбии таҳсилоти касби то бо тартиби ихтиёрӣ адои кардани хизмат. Ба ҳар хизматчии ҳарбӣ мутаносибан рутбаи ҳарбӣ дода мешавад.
Оғоз ва анҷоми хизмати ҳарбӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» муайян шудаанд. Мутобиқи моддаи 34 Қонуни номбаршуда оғози хизмати ҳарбӣ ҳисоб мешавад:
— барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд — рузи ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ барои фиристодан ба ҷои хизмат;
— барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ ворид шудаанд — рӯзи дохил шудани номашон ба руихати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ;
— барои шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои ҳарбию таълимии таҳсилоти касби дохил шудаанд — рӯзи дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ.
Чунин тасаввур мешавад, ки сухан аз рӯзи воқеан фиристодан ба ҷои хизмат меравад ва то ин рӯз кирдори содирнамудаи даъватшаванда ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ эътироф карда намешавад. Барои хизматчиёни ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёри адои хизмат мекунанд, хизмати ҳарбӣ аз рузи ба қувваи қонунӣ даромадани санади дахлдор оғоз мешавад, ки дар ин хусус бояд дар матни он ишора карда шавад.
Анҷоми хизмати ҳарбӣ рӯзи хориҷ кардани хизматчии ҳарбӣ аз рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ ба ҳисоб меравад, ки онро Низомнома оид ба тартиби адои хизмати ҳарбӣ муқаррар кардааст. Ин лаҳза барои ҳама категорияҳои хизматчиёни ҳарбӣ ягона мебошад. Дар моддаи 34 Қонуни номбурда талаб карда мешавад, ки хизматчии ҳарбӣ бояд аз руйхати қисми ҳарбӣ дар рузи анҷоми муҳлати хизмати ҳарбиаш хориҷ карда шавад, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар ин модда аниқ пешбинӣ гардидаанд. Агар мӯҳлати хизмат гузашта ва ҳолатҳои фавқулодда набошанд, пас вай метавонад субъекти ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ эътироф шавад, агар вай аз руихати қисми ҳарбӣ хориҷ нашуда бошад. Ба шумори ҳолатҳои хоса (махсус), ки хориҷ шудани номи хизматчии ҳарбиро аз рӯйхати қисми ҳарбӣ ба таъхир мегузорад, инҳо
мебошанд: .
-дар табобати статсионарӣ будани хизматчии ҳарбӣ;
иштирок дар юришҳо (походҳо);
-дар асири будан;
-дигар ҳолатҳое, ки Низомнома оид ба тартиби адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ карддааст.
Ба эътибор гирифтан лозим аст, ки Қонун (м.34)
талаб мекунад, ки ба мӯхдати хизмати ҳарбӣ вақти худсарона партофтани қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмати ҳарбӣ новобаста аз сабаби онҳо, сари вақт барнагаштан мувофиқи нишондодҳо ба қисми ҳарбӣ ё ҷои дигари хизмат, инчунин муҳлати адои ҷазо дар қисми ҳарбии интизомӣ ё худ адои ҷизои интизомӣ дар шакли ҳабс ҳисоб карда намешавад.

Мӯҳлати умумии хизмат бояд бо назардошти муҳлатҳои зикршуда дароз карда шавад ва ин ҳолат ҳангоми ирсоли фармон оид ба хориҷ кардани хизматчии харбӣ аз рӯйхати қисм ба ҳисоб гирифта шавад. Аммо агар дар фармон ин ҳолат ба ҳисоб гирифта нашуда бошад, хизматчии ҳарбӣ бояд мувофиқи ҳамон фармон озод карда шавад. Шахс мумкин аст барои ҷинояти ҳарбӣ баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ низ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, агар кирдор аз ҷониби ӯ дар давраи хизмати ҳарбӣ содиршуда бошад.
Барои ашхосе, ки аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ мегузаранд, оғозу анҷоми хизмат рӯзи аввал ва охирини ҷамъомадҳо ҳисоб мешавад. Тартиби гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бояд тавассути Низомнома оид ба гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ тибқи м.7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақом, кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо» барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ мегузаранд, мақоми хизматчии ҳарбӣ дар ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн карда мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намуда-ни ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ бо маҳдудияте кашида мешаванд, ки аз моддаҳои мушаххаси боби 33-юми КҶ Ҷумҳурии Тоҷикитон бармеоянд. Дар тавсифи субъекти ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ синну сол аҳамияти ҷиддӣ дорад. Аз руи қоидаи умумӣ, хизмати ҳарбӣ баъди ба синни 18-солагӣ расидани шахс имконпазир мегардад, даъват ба хизмати ҳарбӣ то расидан ба 27-солагӣ мумкин мебошад (м. 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»).

Содир намудани ҷинояти пешбиникардаи боби 33 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсе, ки ба синни муқарраршуда нарасидааст ё ғайриқонуни дар хизмати ҳарбӣ қарор дорад (масалан, дар натиҷаи ҳато ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ), ҷавобгариро барои ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ истисно мекунад.

Дар тавсифи психикии субъекти ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ хусусиятҳои хос дида мешавад. Номукаллафии шахс — асоси бебаҳси истисно гардидани таркиби ҷиноят ба ҳисоб меравад. Аммо м.25 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гирифтори парешонҳолии рӯҳиро пешбини мекунад, ки мукаллафиро истисно намекунад. Зиёда аз ин, навъҳои алоҳидаи чунин беморӣ барои корношоям ё маҳдудан коршоям эътироф кардани шахс ба хизмати ҳарбӣ аз рӯи вазъи саломатӣ ва озодшавӣ аз хизмати ҳарбӣ асос шуда метавонанд (м.м.20, 44, 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ». Ҳангоми вуҷуд доштани бемории рӯҳӣ (психики) шахс наметавонад субъекти ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ эътироф шавад ва масъулияти вай барои ҷинояти ҳарбӣ истисно мешавад. Вай метавонад барои дигар ҷиноят ҷавобгар шавад, агар таркиби чунин ҷиноят мундариҷаи кирдори аз ҷониби ӯ содиршударо дар бар гирад. Масъалаи ҷавобгарӣ дар ин ҳолат бо тартиби м.25 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикисстон ҳал карда мешавад.

Асосҳои дигаре низ ҳаст, ки субъекти ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ будани шахсро истисно месозад. Онҳо дар қонун ҳамчун ҳолате нишон дода шудаанд, ки мавҷудияти онҳо ё худ будани онҳо ба хизмати ҳарбӣ даъват шудани шахсро ғайриимкон мегардонад ё худ барои озод шудан аз хизмати ҳарбӣ ва ё муваққатан нарафтан бахизмати ҳарбӣ ҳуқуқ медиҳад. Масалан, моддаҳои 20,21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба хизмати ҳарои даъват шудани шаҳрвандонеро манъ мекунад, ки доғи судии барҳамнахурда ё бардоштанашуда барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин доранд, бо сабаби саломатӣ, корношоям ё қисман коршоям эътироф шудаанд, ду ва ё зиёда фарзанд доранд, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва ғайра.
Дар ҳама ҳолат, вақте ки шахс ба хизмати ҳарбӣ даьват шудааст, новобаста аз асосҳои зикршуда е худ баъди бавуҷудоии чунин асосҳо хизматро идома медиҳад, будани ин шахсро дар хизмати ҳарбӣ ғайриқонуни эътироф кардан лозим аст ва ӯро ҳамчун субъекти ҷиноят ба муқооили хизмати ҳарбӣ эътироф кардан мумкин нест.

Дар қ.1 м.366 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи шахсоне номбар шудааст, ки мувофиқи моддаҳои боби ЗЗ КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчии ҳарбӣ набуда, ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешаванд. Ин шахсоне мебошанд, ки аз рӯи ҷавобгари ба хизматчиёни ҷавобгарӣ баробар карда шудаанд. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ доираи ин шахсон тағйир меёфт. Дар замони ҳозира ба ин доира сохтмончиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбию сохтмонии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Хизмати сохтмончиёни ҳарбӣ — ҳарбӣ намебошад, ҳарчанд ба мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дохил мешавад, ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбию сохтмонӣ ҳамон рутбаҳои ҳарбиро доранд, ки хизматчиёни ҳарбӣ доранд.

6. Таркиби ҷудогонаи ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ ба сифати субъектҳо, на ҳама, балки баъзе категорияҳои хизматчиёни ҳарбиро пешбинӣ мекунад. Масалан, субъекти ҷиноят муқобили тартиби тобеият (м. 368-371 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) хиз-матчии ҳарбӣ -зердасти ҷабрдида мебошад, ки бо тартиби муайяншуда ба тартиби навъи дахлдори хизмат дохил шудааст. Дигар хизматчиёни ҳарбӣ ҳам иҷрочиёни чунин ҷиноят эътироф шуда наметавонанд. Мувофиқи қ.1, 3, 4, 5 м.36 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ташкилотчӣ, таҳриккунанда ё рдамчиёни ин ҷиноятҳо эътироф карда мешаванд.

Ҳамзамон ҳангоми мавҷудияти асосҳои дахлдор ин ашхос метавонад иҷрокунандагони дигар ҷиноятхо эътироф шаванд. Масалан, агар сержант А.. ба ҷӯраи худ — Б. дар истифодаи зӯроварӣ нисбат ба сардор — сержант В. ёрдам кунад, ки барои А. на сардор ва на зердаст ба ҳисоб намеравад, амалиёти А-ро ҳамчун ёрдамчи дар ҷинояти иешбиникардаи м.370 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст кардан лозим аст. Ғайр аз ин, вай бояд ҳамчун иҷрокунандаи ҷинояти пешбининамудаи м.373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон -вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии байни хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизмати дар байни онҳо ҷавобгар шавад.

Ёрдамчии Раиси
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе
майори адлия                            Абдуллозода Ҷ.