Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Рачабзода Х.Н. ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ

Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Рачабзода Х.Н. ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нави аҷдодӣ барои Шумо рӯзгори осудаву руҳи болида ва барои кишвари азизамон соли неку бобарор орзу менамоям.

Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки мо ворисони тамаддуни ориёӣ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин суннати писандидаро аз нав эҳё намуда, Наврӯзро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем, ки ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт. Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии халқҳои форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст.

Ҷаҳонишавии Наврӯз ва ҷашни байналмилалӣ эълон шудани он барои мо-мардуми орёитабор, муждаи фараҳбахшест. Русуму ойинҳои зиндагисози ин ҷашн дар заминаи тамаддуни қадимаи моддиву маънавии мардуми мо инкишоф ёфта, бо мурури замон ба одобу суннатҳои мардумиву фарҳангии халқу миллатҳои гуногуни сайёра роҳ ёфта, аҳли башарро ба сӯи арзишҳои олӣ, камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ ҳидоят намудааст.
Аз ин рӯ, ба истиқболи Наврӯз, ки башорати рӯзи нав, фасли нави нозанин, эҳёи табиат, махсусан замин аст, мардуми мо манзилу кошона, кӯчаву хиёбонҳоро тозаю бо ниҳолшинонӣ обод мекунанд, зеро файзу баракат дар тозагию озодагӣ мебошад.
Махсусан, ёди гузаштагон, эҳтироми бузургсолон, авфи гуноҳ, тозаву озода кардани хона ва ашёи рӯзгор, обод кардани маҳалли зист, пошидани тухми умед ба замин, шинондани ниҳол, ба тартиб овардани роҳу пулҳо, зиёрати пирони барнодил, ранҷурону беморон, хайру сахо ба шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон аз ҷумлаи анъаноти нек ва сунатҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам маҳсуб меёбад.

Имрӯз фурсате расидааст, ки мову Шумо барои рушди устувори иқтисодиёт, ободии мамлакат, амнияти пойдор, зиндагии шоиста ва ҷомеаи тараққикардаю мутамаддин ҳамарӯза софдилона ва фидокорона меҳнат намоем.

Тантанаҳои Наврӯзи имсола, ки ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, барои халқи сарбаланди тоҷик марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ хоҳад гашт.
Дар ин айёми хушу фараҳбор орзумандам, ки ин ҷашни фархунда имсолу солиёни дигар ба мулки зебои мо нишоту шодмонӣ, ободкориҳои тоза, нусрату фаровонӣ ва дастархони пур аз нозу неъмат, саодату хушбахтӣ ва сулҳу ваҳдатро чун ҳадяи беҳтарини наврӯзӣ ато намояд..
Наврӯзи фархундапай хуҷаста бод!