ВАҲДАТ – САМАРАИ ТАЛОШҲО

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Яке аз чунин санаҳои муҳиму тақдирсоз дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 июни соли 1997 аст. Дар ин рӯз дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро эътироф кардааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоему мушкилоти гаронеро паси сар кунем. Он рӯзи сарнавиштсоз барҳақ аз лавҳи хотир зудуда намегардад. Ба шарофати он давлати мо дубора эҳё шуда, миллати мо барои худшиносӣ ва ягонагии хеш азми Рустамонае кард.

Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо, истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонду нури умед ба осоиштагиву ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфт. Мардум ба фардои дурахшони рӯзгорашону шукуфоии диёрашон эътимоди комил пайдо карданд. Хурду калон дасту остин барзадаву бо дили гарм, самимона ба он қудрату тавоноии хеш роҳи созандагиву ободкориро пеш гирифтанд. Аҳамияти умумимиллии ба имзо расидани созишномаи сулҳ дар таърихи тоҷикон мавқеи хосаро соҳиб аст. Таҷрибаи музокироти байни тоҷикон нишон дод, ки ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо роҳи осоишта низ расидан мумкин аст. Боиси ифтихормандист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ба ватан баргардондани гурезаҳо, ба меҳнати осоишта фаро гирифтани шаҳрвандон, иштирокчиёни набардҳои дохилӣ аз тарафи давлатҳои алоҳида ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт ва он ҳалли муноқишот дар минтақаҳои дигари даргири ҷаҳон истифода мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ин тавр гуфтаанд: «Чунин таҷрибаи дар як фосилаи кӯтоҳ ва бо роҳи маслиҳатомез ҳал намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар ягон кишвари дунё то ҳол ба назар нарасида буд. Мо аз ин беандоза фахр мекунем, ба халқи хеш таҳният мегӯем, вале дар айни замон бояд як чизро фаромӯш накунем. Сулҳ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзи пойдории он вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо роҳи осону кӯтоҳтарини ба Ваҳдат, сулҳу суботи бебозгашт расиданамон буд, ки имрӯз на танҳо рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқиву волоияти қонунро дар дохили кишвар молик ҳастем, балки моро дар арсаи байналхалқӣ мешиносанд, ташаббус, дархосту манфиатҳоямонро ба инобат мегиранд, Тоҷикистонро чун сарзамини сулҳу осоиштагӣ, тоҷикистониёнро чун мардуми сулҳофарин ва Пешвои миллати моро ҳамчун ҳомии воқеии сулҳ дар саросари ҷаҳон мешиносанд ва таҷрибаамонро меомӯзанд.

Ҷои шак нест, ки дастовардҳои мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва зиндагӣ дар фазои сулҳу субот назаргиранд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ моро ба он муваффақ гардонд, ки Тоҷикистонро ба воситаи гузарондани вохӯриҳо, анҷуману конфронсҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҷаҳониён шинос намоем. Бояд гуфт, ки баробари дар Тоҷикистон баррасӣ шудани масъалаҳои мубрами байналмилалӣ мо онҳоро бо дастовардҳои дар роҳи ободониву бунёдкорӣ, тинҷиву осоиштагӣ ноил гаштаамон шинос намудем.

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт, ободониву бунёдкорӣ назаргир ва боиси таваҷҷуҳи мамолики хориҷӣ гардид. Доири рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосил, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадами устувор ба пеш гузошта шудаанд. Ҷумҳурӣ зина ба зина ба марраи истиқлолияти энергетикӣ наздик мешавад ва он рӯз дур нест, ки ба кишвари истеҳсолкунандаи неруи барқи арзон табдил меёбад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Ҳукумати кишвар 27-уми июнро Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон кард ва он ҳар сол дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.

Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардааст. То кадом дараҷа муҳим будани Ваҳдати миллиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқан эҳсос намуда, гуфтаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт дар як сол як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Ин ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо дигар намегузорем, ки теша ба решаи он расад».

Ваҳдати миллӣ арзиши волое аст, ки ба мо сулҳу осоиштагии абадӣ ато кард ва давлати моро пойдору устувор гардонд. Аз ин хотир, вазифаи муқаддаси ҳар яки мо он аст, ки пояҳои давлатдории миллии худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат ва наслҳои оянда таҳкурсии боэътимод гузорем.

 

  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                            Раҷабзода Ҳ.Н.