ТОҶИКИСТОН. ОҒОЗИ БОЗ ЯК МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дастуру нишондод ва пешниҳодҳоеро дар миён мегузоранд, ки барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар таъсири мусбат расонда, барои қабули барномаҳои азими созандагӣ замина фароҳам меоранд.
Соли гузашта мардуми шарафманди тоҷик Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро дар руҳияи баланди ватандорӣ ва бо дастовардҳои азими таърихӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин замина, нахуст бояд аз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № 1059 “Дар бораи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар” ёдовар гашт, ки дар доираи татбиқи он дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, зиёда аз 25 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат ҳамкории мардум бо давлатро мустаҳкам намуда, ташаббусҳои ободониву созандагиро афзуд ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, марказҳои саломативу муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти муҳими ҷамъиятӣ замина ва нақши босазо гузошт. Инчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 31 октябри соли 2018, № 510 ба тасвиб расид.
Зимни омода намудани лоиҳаи қарори мазкур Президенти кишвар ба масъулон супориш дода буданд: “…ба таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумат ва нақшаи чорабиниҳо бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардондани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд”. Дар асоси супориши мазкур зиёда аз 370 иншоот аз ҳисоби Ҳукумати кишвар сохта ба истифода дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (21 декабри соли 2021) ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, сохтмони иншооти саноативу истеҳсолӣ ва, аз ҳама муҳим, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба мардуми кишвар ва истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар муддати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд.
Дар ин хусус, бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Дар асоси банди 2 фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Вобаста ба супориши Сарвари давлат имрӯз дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи чорабиниҳо, иншооти бунёдшаванда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳия шуда истодаанд.
Ин супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори кишвар, бунёди корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, бунёди иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзанда барои мардуми шарифи Тоҷикистон равона гардидааст.
Тавре ки Роҳбари давлат дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд: “Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”.
Бинобар ин, ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат аз ҳар яки мо фаъолияти содиқонаву пурмаҳсулро баҳри амалӣ намудани иқдомҳои созанда, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатиро тақозо менамояд.
Абдулҳафиз АШУРЗОДА,
раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                       Манбаъ: Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият»