Рӯзи ҷавонон, маърифати ҳуқуқӣ ва хизмати ҳарбӣ

Ҷавонон нерӯи созанда, ифтихор ва ояндаи дурахшони ҳар миллат ба шумор мераванд. Пешрафти давлат, ободии ҷомеа ва ҳифзи истиқлолият аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобаста мебошад. Аз ҳамин сабаб, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро ин рӯз рамзи эҳтиром ва эътимод ба ҷавонон аст. Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бояд дар баробари омӯзиши илм ва касбу ҳунар, инчунин дониши ҳуқуқии худро баланд бардоранд. Ҷавоне, ки қонунро медонад, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро дарк мекунад, ба корҳои нодуруст роҳ намедиҳад ва барои суботу оромии ҷомеа саҳм мегузорад. Омӯхтани Конститутсия, эҳтироми қонун, риояи тартибот ва ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як ҷавони соҳибватан мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, онҳоро аз амалҳои номатлуб ва фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шудан эмин нигоҳ медорад. Дар баробари ин, хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби ҷасорату мардонагӣ ва шуҷоату ватандӯстӣ мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шарафи бузург ва қарзи муқаддаси ҳар ҷавон аст. Ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ мераванд, на танҳо ҳифзи марзу буми Ватанро меомӯзанд, балки рӯҳи қавӣ, интизом, сабру таҳаммул ва эҳсоси баланди масъулиятро низ соҳиб мешаванд. Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди давлат буда, ҷавонони далеру шуҷоъ муҳофизони сулҳу субот ва истиқлолияти кишвар мебошанд. Имрӯз Ватан ба ҷавонони босавод, ватандӯст, далер ва ҳуқуқшинос ниёз дорад. Ҳар ҷавон бояд дарк намояд, ки ояндаи миллат дар дасти ӯст. Агар ҷавонон бо илму дониш, ахлоқи ҳамида ва ҳисси баланди ватандӯстӣ қадам гузоранд, давлати мо боз ҳам пешрафтаву неруманд мегардад. Бигзор ҷавонони тоҷик ҳамеша бо нангу номус, боирода ва содиқ ба Ватан бошанд! Бигзор онҳо ҳимоятгарони сулҳ, ваҳдат ва истиқлолияти кишвари азизамон гарданд!

  • Котиби маҷлиси судии
  • суди ҳарбии гарнизони Душанбе
  • лейтенанти адлия                                       Даминов Баҳодур Тоирхонович