«ҶАНГИ БУЗУРГ ВА ҶАСОРАТИ ТОҶИКОН»

Рӯзи 9 май – Рӯзи Ғалаба яке аз саҳифаҳои пурифтихор ва ҳамзамон пурдарди таърихи башарият аст. Ин сана хотиррасони ҷасорат, матонат ва фидокории миллионҳо инсонест, ки барои озодӣ ва оромии ояндаи наслҳо ҷони худро дареғ надоштанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо як бархӯрди низомӣ, балки имтиҳони бузурги инсонгароӣ, ваҳдат ва иродаи халқҳо буд.

Дар ин муборизаи тақдирсоз халқи тоҷик низ саҳми шоистаи худро гузошт. Аз сарзамини кӯҳсори Тоҷикистон ҳазорон ҷавонмардон ба майдонҳои ҷанг рафтанд, то дар паҳлӯи дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди фашизм мубориза баранд. Бисёре аз онҳо бо ҷасорат ва қаҳрамонӣ ном бароварданд, бархе то ба дараҷаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гаштанд. Дар баробари ин, ақибгоҳ низ саҳнаи меҳнати шабонарӯзии занону пирон ва ҷавонон буд, ки барои таъмин намудани фронт бо озуқа, либос ва техника талош мекарданд.

Ин ҷанг на танҳо боиси талафоти азими инсонӣ ва харобиҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ гардид, балки арзишҳои инсондӯстӣ, ватандорӣ ва ҳамбастагии халқҳоро низ ба озмоиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохт. Дар ин ыанги хонумонсуз аз 70 давлати ҷаҳон иштирок дошта, зиёда аз 55 миллион нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шаҳру деҳоти зиёде хароб гардида, иқтисодиёти кишварҳо зарари ҷиддӣ дидааст. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки хисороти умумии ҷанг бо арзиши имрӯза ба триллионҳо доллар баробар аст. Дар ин замина, саҳми Тоҷикистон танҳо ба иштирок маҳдуд набуда, балки бо фидокорӣ, қаҳрамонӣ ва талафоти ҷонӣ низ чен карда мешавад: аз садҳо ҳазор нафаре, ки ба ҷанг рафтанд, беш аз нисфашон зинда баргаштанд, аммо хотираи онҳое, ки дар майдонҳои набард ҷон бохтанд, то имрӯз ҳамчун рамзи ҷовидонаи шуҷоат ва садоқат боқӣ мондааст..

Баррасии ин давраи таърихӣ барои наслҳои имрӯза аҳамияти хос дорад, зеро он моро водор месозад, ки қадри сулҳу оромиро бештар дарк намоем ва аз таҷрибаи гузаштагон барои бунёди ояндаи устувор истифода барем. Хусусан, саҳми мардуми Тоҷикистон дар ин муборизаи сарнавиштсоз, корнамоии ҷанговарон ва ҷонфидоии ақибгоҳ, намунаи равшани садоқат ба Ватан ва масъулиятшиносӣ мебошад.

Аз ин рӯ, мақолаи мазкур ба таҳлили паёмадҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, нақши мардум дар таъмини ғалаба ва аҳамияти ҳифзи сулҳу субот дар шароити муосир бахшида шудааст. Ҳадафи он на танҳо бозгӯи воқеаҳои таърихӣ, балки тарғиби эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба хотираи гузаштагон мебошад.

Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамчун яке аз фоҷиабортарин рӯйдодҳои таърихи башарият боқӣ мондааст. Дар он беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок дошта, зиёда аз 55 миллион нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шаҳру деҳоти зиёде хароб гардида, иқтисодиёти кишварҳо зарари ҷиддӣ дидааст. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки хисороти умумии ҷанг бо арзиши имрӯза ба триллионҳо доллар баробар аст.

Дар чунин шароити сангин нақши иттиҳоду ҳамбастагии халқҳои гуногун, махсусан дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шикасти фашизм калидӣ буд. Мардуми Тоҷикистон низ дар ин муборизаи сарнавиштсоз саҳми назаррас гузоштанд. Бо вуҷуди он ки майдони ҷанг аз кишвар дур буд, таъсири он ба ҳар хонадони тоҷик расид. Қариб ҳар оила як ё чанд нафар аз наздикони худро ба ҷанг гусел кард.

Аз аҳолии онвақтаи Тоҷикистон, ки тақрибан якуним миллион нафарро ташкил медод, беш аз 300 ҳазор нафар ба фронт сафарбар шуданд. Мутаассифона, зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардида, даҳҳо ҳазор нафари дигар беному нишон шуданд ё бо маъюбият баргаштанд. Ин рақамҳо аз қурбонии бузурги миллат шаҳодат медиҳанд.

Дар ин имтиҳони сахти таърихӣ халқи Тоҷикистон низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иштирок намуда, ба таъкиди аксар манбаъҳои таърихӣ зиёда аз 360 000 нафар ба майдонҳои ҷанг сафарбар гардиданд. Аз миёни онҳо тақрибан 72 000 нафар ба Ватан баргаштанд. Бо вуҷуди ин, садҳо нафар бо шуҷоату мардонагии бемисл сазовори мукофотҳои олӣ гардиданд, аз ҷумла беш аз 50 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гашта, даҳҳо ҳазор нафар бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар баробари фронт, ақибгоҳ низ саҳнаи ҷонфидоӣ буд. Мардуми Тоҷикистон, сарфи назар аз камбудиҳо ва гуруснагӣ, шабонарӯзӣ меҳнат карда, маҳсулоти ғизоӣ, либос ва дигар маводи заруриро ба ҷабҳа мефиристоданд. Занон, кӯдакон ва пиронсолон бори гарони иқтисодиро ба дӯш гирифта, дар таъмини ғалаба нақши муҳим бозиданд.

Яке аз саҳифаҳои инсонпарваронаи он давра паноҳ додани муҳоҷирони маҷбурӣ буд. Зиёда аз 100 ҳазор нафар аз минтақаҳои ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуда, бо меҳрубонӣ пазируфта шуданд. Мардуми тоҷик онҳоро ҳамчун фарзандони худ қабул карда, шароити зиндагӣ фароҳам оварданд.

Таърих нишон медиҳад, ки сулҳу субот ба осонӣ ба даст намеояд. Тоҷикистон низ дар солҳои аввали истиқлолият бо озмоиши сангин — ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Ин низоъ ба кишвар талафоти бузурги инсонӣ ва иқтисодӣ овард. Бо вуҷуди ин, иродаи мардум ва талошҳои муштарак имкон доданд, ки сулҳ барқарор гардад.

Имрӯз, дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯст, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллӣ вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ин масъулият, пеш аз ҳама, ба дӯши ҳар як шаҳрванди огоҳ ва бахусус хизматчиёни ҳарбӣ вогузор шудааст. Сатҳи баланди омодагӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва зиракии сиёсӣ кафолати амнияти давлат мебошанд.

Ҳамзамон, Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ҷонибдори ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳо мебошад. Пешниҳодҳои байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳ бозгӯи ин мавқеи устувор аст.

Ёдоварӣ аз корнамоии гузаштагон на танҳо арҷгузорӣ ба таърих, балки масъулият дар назди оянда аст. Наслҳои имрӯза бояд дарк намоянд, ки сулҳу оромӣ неъмати бебаҳост ва ҳифзи он талошу заҳмати пайвастаро талаб мекунад.

Илова ба ин, таҷрибаи таърихии солҳои ҷанг собит месозад, ки руҳияи ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият нисбат ба сарнавишти миллат дар шароити душвортарин низ метавонад мардумро муттаҳид созад. Маҳз ҳамин иттиҳод буд, ки халқҳоро ба муқовимат бар зидди душман водор намуда, ба онҳо нерӯи шикастнопазир бахшид. Ин омил имрӯз низ барои таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти бузург дорад.

Дар баробари ин, дарси муҳимтарини таърих дар он аст, ки бе ҳифзи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳеҷ ҷомеа наметавонад ба пешрафти устувор ноил гардад. Таҷрибаи талхи ҷангҳо, аз ҷумла рӯйдодҳои асри гузашта, моро ҳушдор медиҳад, ки бояд ҳамеша аз ихтилофу низоъҳо парҳез намуда, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазириро тақвият бахшем.

Имрӯз арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонони ҷанг танҳо бо сухан маҳдуд намешавад. Балки он бояд дар амал, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба таърих ва садоқат ба Ватан зоҳир гардад. Ин вазифа пеш аз ҳама ба зиммаи муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа вогузор мешавад, ки бояд насли ояндаро дар асоси арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

Ҳамчунин, дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои геополитикӣ босуръат тағйир меёбанд, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии шаҳрвандон аҳамияти хосса пайдо мекунад. Танҳо ҷомеаи огоҳу муттаҳид метавонад дар баробари таҳдидҳои нав истодагарӣ намояд ва истиқлолияти давлатиро ҳифз кунад.

Дар ниҳоят, бояд таъкид кард, ки гиромидошти таърихи пурифтихори миллат ва омӯзиши сабақҳои он барои бунёди ояндаи осуда заминаи устувор фароҳам меорад. Сулҳу субот, ваҳдат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ ва зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар қарор дошта бошанд.

Раиси суди ҳарбии                                 Шарифзода 

гарнизони Душанбе                              Рудоба 

полковники адлия                                 Ҳомиддин