Табрикоти Раиси Суди Ҳарбии Гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н., Бахшида Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Президент, ки ҳамасола рӯзи 16 — уми ноябр таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод менамоям.

Таҷлили Рӯзи Президент, имсол ба даврае рост омадааст, ки мардуми сарбаланди Ватани маҳбубамон, ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо тантанаву шукӯҳи хос ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуда истодаанд.

Хизматҳои шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, аз ҷониби мақоми Олии қонунгузории кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2015 унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат сазовор дониста шуд ва дар ин хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз 25 декабри соли 2015 қабул гардид. Баъдан бо назардошти таклифу пешниҳодҳои олимону мутахассисон, коршиносон Қонуни зикршуда дар тарҳи нав бо номи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, №1356 қабул карда шуд.

Дар ҳақиқат гузашти солҳо собит намуд, ки дар воқеъ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор ва хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом додаанд. Ин ҳама сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният, ҷовидонагии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи муҳими тақдирсози таърихи навини халқи тоҷик мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кардааст. Мувофиқи он «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».

Воқеан ҳам, хушбахтии миллати фарҳангсолору қавиирода ва заҳматписанди Тоҷик аст, ки чунин Пешвои маҳбуб дорем. Имрӯз пиру барнои кишвар зери ливои сулҳу ваҳдат ва ҳусни тафоҳум бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда, барои расидан ба ҳадафҳои олии дар пешгузоштаи Ҳукумати кишвар саҳм мегузоранд.

Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ хеле бузург буда, дар минбарҳои бонуфӯз борҳо доир ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи об дар сайёра, пешгирии амалҳои номатлуби террористию экстремистӣ ва ғайра баромадҳо кардаанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон заминаҳои устувор фароҳам овард. Тантанаи соҳибихтиёрии давлатӣ ба мардуми тоҷик дар масири таърих бори дигар имкон дод, ки баъд аз қарнҳо ба эҳёи дубораи давлатдории миллӣ шурӯъ намояд.

Бори дигар, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.

 

  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                            Раҷабзода Ҳ.Н.