Табрикоти И.в. Раиси Суди Ҳарбии Гарнизони Душанбе Шарифзода Р.Ҳ. Бахшида Ба Рӯзи Парчами давлатӣ

 

Ҳамдиёрони азиз!

Бо беҳтарин таманиёт ва қадршиносӣ, бо як ҷаҳон сипосу самимият ҳамаи Шумоёнро бо Рӯзи Парчами миллии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон умри дарозу пурбаракат, тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияти кориатон баҳри ободии кишвари азизамон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Мавҷудияти рамзҳои давлатӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ шаҳодат медиҳад. Суннати парчамдорӣ дар таърихи кишвар ва миллати мо аз қадим эҳё гардида, дар даврони сиҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеияти хосеро дар ҷомеаи равшани хештаншиносӣ ва ору номуси ватандории миллати тоҷик ба шумор меравад. Парчам дар ниҳоди ҳар як фарзанди баномуси Ватан эҳсоси ватанпарастию худшиносӣ ва ифтихори миллиро бедор менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба гиромидошти Парчам ишора намудаанд: “Мо бояд Парчами давлатиро ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдорӣ ҳифз кунем, рӯҳи ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем.”

Таманои онро дорем, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории халқи азизамон дар дили ҳар як шаҳрванд маскан гирифта, ваҳдати мардуми мо ҷовидона ва оламгир бошад.

Дар ҷашни таърихӣ ва фараҳбахш ба Шумо умри дарозу пурбаракат, сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва дастовардҳои беҳамтои сиёсиатонро таманно менамоям.

И.в.Раиси суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

полковники адлия                                                              Шарифзода Р.Ҳ.