Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми Раисони судҳо, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ самимона муборакбод намуда, барояшон некномиву некрӯзи, хушбахтиву пирӯзи, иқболи баланд ва барору комёбӣ таманно менамоям.

Таърих борҳо исбот намудааст, ки суд ва адолати судӣ бунёдгузори давлати мустақил буда, осудагиву суббот ва иқтидори ҳар як давлат ба мақомоти судӣ метавонад ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлату ҳукуматро амали намояд.

Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизамон сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рушди бемайлони мустақилияти  адолати судӣ таъмин гардидааст.

Бори дигар тамоми Раисони судҳо, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самими қалб бо ин иди касбӣ табрику муборакбод гуфта, дар корҳоятон баҳри рушду шукуфонии Ватани азизамон бурдбориҳо, пирӯзиҳо, табъи болидаю садоқати бепоён, саломатии бардавомро таманно менамоям.

 

  • Бо камоли эҳтиром,
  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                           Раҷабзода Ҳ.Н.