Табрикоти Раиси Суди Ҳарбии Гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н., Бахшида Ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати 28-умин солгарди қабули бахтномаи халқамон – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику муборакбод менамоям.

Дар баробари Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф ёфтану шинохта шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин натиҷаи талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи ҷомеа мебошад, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда пешбинӣ гардидааст.

Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иди умумихалқӣ мубаддал гашта ва ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо бахтномаи миллат ном мебарем, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон асоси боэътимод гузошт. Он ҳамчун санади воқеъан таърихиву муқаддаси давлату миллати тоҷик ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа ва гузариш ба сохти нави давлатдории тоҷикон нақши ҳалкунанда дорад.

Дар ин ҷашни таърихӣ ва фараҳбахш ба Шумо сарбаландӣ, муваффақият ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                            Раҷабзода Ҳ.Н.