Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. бахшида ба «Ҷашни Ваҳдати Милли»

 

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.
Дар ин лаҳзаҳои идона бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ ин санаи муқаддасу тақдирсозро ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод мегӯям.
Ҳамватанони азиз мо хуб дар ёд дорем, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буд, ки “даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».Бо чунин андешаҳо рӯзи аввали фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари давлат иброз дошта буд, ки ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам.

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем. Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад.
Метавон гуфт, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои озодиву истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шудааст ва дар тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон чун омили мувозинати ҳамаи тарафҳои сиёсати давлатии мо арзёбӣ мегардад.
Андешаи сулҳу ваҳдат ва фалсафаи таҳаммулгароӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷисму равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу одоб, фарҳангу маданият ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд.
Бо мақсади дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расонидани насли наврас, аз ҷониби онҳо амиқан дарк гардидани муҳимияти пойдории ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар, нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатии Ватани азизамон зарур аст, ки ҳангоми тадриси фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаву олии касбӣ мавзӯи “Ваҳдати миллии тоҷикон” дохил карда, ба хонандагон аҳамияти ин масъала омӯзонида шавад.

Зеро инсоне, ки гузаштаи таърихиашро фаромӯш мекунад, метавонад аз фориғболӣ ба хатогӣ роҳ дода, боиси сар задани мушкилиҳо гардад.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки Ватани худро ҷавонмардонаву самимона дӯст дорем, ҳифз намоем ва ба хотири рушду ободии он пайваста талош варзем.
Инчунин фаромӯш набояд кард, ки худогоҳиву худшиносӣ танҳо ифтихор аз дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии миллати хеш нест, балки пойгоҳи устувори маънавиест, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳо ва созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят месозад.
Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯи асолат ва ҳувияти миллӣ роҳнамоӣ карда, роҳи душвори давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро бароямон осонтар мегардонад.
Ман ба қудрати созандаи халқи тоҷик, пойдории истиқлолият, пояндагии ваҳдати миллат ва ояндаи ободи Ватани азизамон эътимоди қавӣ дорам.
Итминони комил дорам, ки аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мову шумо пояҳои давлату давлатдории мустақилонаи худро боз ҳам мустаҳкам карда, ҷойгоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи арзанда мерасонем ва дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мақоми шоистаи худро пайдо мекунем.

Бигзор осмони соф, сулҳу суботи поянда, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши рӯзгори осудаҳолонаи мардуми кишвари мо бошад!

Ҷашни Ваҳдати Милли Муборак Бошад Ҳамватанони Азиз !