Табрикоти Раиси Суди Ҳарбии Гарнизони Душанбе Полковники Адлия Раҷабзода Ҳ.Н. Ба Муносибати Рӯзи Ваҳдати Миллӣ

Ҳамватанони азиз!
Имрӯз мову Шумо, ки дар арафаи таҷлили ҷашнвораи бузурги таърихӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне санаи сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон ҷамъ омадаем, кулли мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш ва бахту саодат орзу менамоям.
Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.”
Имрӯз бо ифтихор иброз менамоем, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси диёр баҳри мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд.
Чӣ тавре, ки дар хотир дорем, дар солҳои 90-уми асри гузашта хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.
Маҳз, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати кишвар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷеаи даҳшатнок ба имзо расонидааст ва имрӯз аз он айём 25 сол сипарӣ мегардад. Ин ҳама бисту панҷ соли эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар таърихи давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.
Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият расем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил мо ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидем ва ҳоло барои рӯзгори орому осуда шароити мусоид фароҳам омадааст.
Бо боварӣ зикр менамоям, ки мардуми кишка минбаъд низ иқдомҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, бо меҳнати садоқатмандона дар рушди ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар ин ҷода бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ифтихори рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсоз, рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, хонаи обод, сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдорро орзу менамоем.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак!
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Душанбе
полковники адлия                                                                                       Раҷабзода Ҳ.Н.