Табрикоти Раиси Суди Ҳарбии Гарнизони Душанбе Полковники Адлия Раҷабзода Ҳ.Н. Ба Муносибати Рӯзи Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Боиси хурсандист, ки пиру ҷавони кишвар имсол ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тинҷию осудагӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамдилӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёссати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукургузорӣ аз кишвари озоду соҳибистиқлол бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо руҳии баланди ватандорию ватанпарастӣ ҷашн мегиранд.
Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон бо хубӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт аст.
Дар ин маврид муҳтарам Пешвои миллат барҳақ зикр намуданд: “Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонанду аз он ифтихор мекунад”.
Мо дар шароити ҷоҳонишавии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш меравем.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир рисолати ҳар фарди ватандӯст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад.
Бигузор Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун меҳвари асосии амалишавии ниятҳои нек ва дастовардҳои мардуми шарафманди тоҷик дар рушду нумӯи кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷовидон ва нурҳои сулҳу ваҳдат доимо болои мардуми тоҷик ҷилвагар бошад.
Бори дигар ҷашни фархунда 31-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
- Раиси суди ҳарбии
- гарнизони Душанбе
- полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н.