Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н. ба муносибати Иди Қурбон
Ҳамватанони азиз!
Мову шумо дар арафаи Иди Қурбон, ки барои мардуми мусулмон муътабар аст, қарор дорем. Ба ин муносибат тамоми ҳамдиёрони азизро самимона табрику муборакбод гуфта, ба шумо, пеш аз ҳама тансиҳатию хонаободӣ, файзу баракат ва барори кор хоҳонам.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи Тоҷикистони азиз мардуми мо маросиму суннатҳои диниву мазҳабии худро озодона иҷро мекунанд.
Мардуми шарифи мо Иди Қурбонро, ки муъминонро ба хайру саховат ва дастгирии маъюбону барҷомондагон ва муҳтоҷону бенавоён ҳидоят менамояд, ҷашн мегиранд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ҷавҳари асосии Иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд. Сарвари мамлакат бо амалҳои хайру наку, ғамхориҳои бемислашон нисбат ба ин қишри ҷомеа намунаи ибрат мебошанд.
Ҳамзамон аз фурсати муносиб истифода бурда, таваҷҷуҳи аҳолиро ба тадбирҳои умумимиллии ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ, омодагии оилаҳо ба давраи тирамоҳу зимистон, мавсими хониш, истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва кишти такрорӣ, ободонии манзилу ҷои зист, ташвиқи истифодаи маблағи ҳаҷ дар корҳои хайру савоб, аз ҷумла бунёду таъмири беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, ҳаммом, пулҳо, чоҳҳо, роҳҳо, дукони фурӯши китоб ва дигар иншооти иҷтимоӣ ҷалб менамоям.
Бори дигар тамоми мардуми шарифи Точикистонро ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфта, барояшон пеш аз хама саломатии бардавом, осмони софу беғубор, рӯзгори ободу осуда, қалби шоду хонаи обод ва бахту иқболи баланд таманно менамоям.