Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н. ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён тамоми мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, дар як муддати кутоҳи таърихӣ он ба як Артиши бо ҷузъу томҳои муосир мукаммал табдил дода шуд.

Сарбозону афсарони далеру шуҷои Артиши миллӣ дар рӯзҳои барои Ватану миллат вазнин корнамоиву қаҳрамониҳо нишон дода, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассиса, тамомияти арзӣ, амну суббот ва тинҷиву амонии Ватани маҳбубамонро ҳифз намуда, аз имтиҳону озмоишҳои тақдир сарбаландона ва бошарафона гузаштаанд.

Бори дигар ин санаи фараҳбахшро ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, бароятон бахту саодат, иқболу обрӯ, рӯҳу ҷисми болида ва дар фаъолияти пурмасъулатон баҳри шукуфоии Ватани азиз муваффақиятҳо таманно дорам.