Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба муносибати фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром Шуморо бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз, мавсими  эҳёи табиату фарорасии баҳори нозанин самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз, бахту саодат ва рӯзгори пурфайзу неъматро таманно дорам.

Ниёгони некноми мо Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз оинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд. Бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватан, тавассути сиёсати хирадмандона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бузург на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб карда, имрӯз дар саросари олам таҷлил мешавад.

Мардуми кишвар ин иқдоми некро бо сарфарозӣ, ҳамчун рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва ғамхории доимӣ баҳри эҳёи суннатҳои аҷдодӣ қабул намуд.

Итминони комил дорем, ки насли имрӯзу фардо ба қадри ин заҳматҳо баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон мерасанд ва сиёсати пешгирифтаи давлатро дастгирӣ ва амалӣ менамоянд.

Бигзор Наврӯзи хуҷастапай дар амалишавии орзую ниятҳоятон баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон, пойдории давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардуми кишвар ба Шумо дар амали намудани ормонҳои миллӣ нерӯи тоза бахшида, ба халқи тоҷик хайру баракат, бахту саодатро арзонӣ дошта, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҷовидонӣ гардонад.

Бори дигар Шуморо ба ифтихори ҷашни Наврӯз муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, умри дарози пурбаракат, саодати рӯзгор ва дар фаъолиятатон комёбиҳо орзу менамоям.

Раиси суди ҳарби

гарнизони Душанбе

полковники адлия                  Шарифзода Р.Ҳ.