Табрикоти Раиси Суди Ҳарбии Гарнизони Душанбе Ба Муносибати 30-юмин Солгарди Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён тамоми мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи душвори сиёсии кишвар таъсис ёфта, бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфамондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва сохти конститутсионии кишвар ва ҳимояи марзу буми Ватан сазовор гузошт.

Мо ифтихор аз он дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарину дурахшонтарин дастоварди миллӣ баҳри пойдорӣ ва амнияту суботи халқи азизамон бо қадамҳои устувор хизмат карда истодааст.

Бигзор бо неру ва тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдату дӯстии мардуми Тоҷикистон ҷовидон ва нурҳои сулҳу ваҳдат доимо болои мардуми тоҷик ҷилвагар бошад.

Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, умри дарозу пурбаракат, хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиш ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

 

  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                   Раҷабзода Ҳ.Н.