Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам афсарону сарбозон!
Собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шумо тамоми афсарону сарбозон, кормандон ва собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадиро ба ифтихори 29-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замири қалб табрику муборакбод намуда, тансиҳатию рӯзгори обод ва дар фаъолияти пурсамару масъулиятноки ҳамарӯзаатон баҳри ҳифзи ватан ва амнияти мардум бурдбориҳо таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ собит сохтаанд.
Иди касбиатон муборак бошад сарҳадбонони арҷманд!
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Душанбе
полковники адлия                                               Раҷабзода Ҳ.Н.