Табрикоти И.в. Раиси суди ҳарби гарнизони Душанбе ба муносибати Рӯзи ҳокимияти судӣ

Бо камолу ифтихору сарфарозӣ тамоми судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи онҳоро ба муносибати Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ самимона муборакбод намуда, бароятон некномиву некрӯзӣ, хушбахтиву пирӯзӣ, иқболи баланд ва барору комёбӣ таманно дорам.

Таърих борҳо исбот намудааст, ки суд ва адолати судӣ бунёдгузори давлати мустақил буда, осудагиву субот ва иқтидори ҳар як давлат ба ҳокимияти судӣ вобастагии зиёд дорад, зеро бо пойдории суд ва адолати судӣ метавонад ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати  давлату ҳукуматро амалӣ намояд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷух, зоҳир менамояд”.

Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизамон сулҳу суббот, ваҳдату ягонагӣ ва рушди бемайлони мустақилияти адолати судӣ таъмин гардидааст.

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустаҳкам намудани пояҳои Вахдати миллӣ ва пешрафти ватанамон саҳми арзанда мегузорад.

Бори дигар тамоми судяҳо ва кормандони ҳокимияти судиро аз самими қалб бо ин иди касбӣ табрику муборакбод гуфта, дар корҳояшон баҳри рушду шукуфонии Ватани азизамон бурдбориҳо, пирӯзиҳо, табъи болидаю садоқати бепоён, саломатии бардавомро таманно менамоям.

 

Бо камоли эҳтиром,

И.в. Раиси  суди   ҳарбии

гарнизони Душанбе

полковники адлия                                                               Шарифзода Р.Ҳ.