Суҳбату вохӯрии раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 051055 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи 11.05.2021 сол дар қисми ҳарбии 051055 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н., ва тарҷумони суди ҳарбии гарнизони Душанбе майори адлия Ҷобиров Х.К., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 051055 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рањмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021 сол, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, оиди амалишавии Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, инчунин оиди Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳи худогоҳи ва хештаншиносӣ, оиди тарғибу ташвиқ намудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби 193 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Инчунин аз ҷониби раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н., ва тарҷумони суди ҳарбии гарнизони Душанбе майори адлия Ҷобиров Х.К., доир ба иҷроиш ва муҳокимаи ҳукмҳои аз тарафи судяҳои суди ҳарбии гарнизони Душанбе бароварда шуда дастуру супоришҳо дода шуд.