Семинар санаи 28-уми феврали 2025 сол

Санаи 28 феврали соли 2025, дар маҷлисгохи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омузишӣ баргузор гардид. Дар кори чорабинии мазкур судяи Суди Олӣ Иброҳимзода Ш.С. ва кормандони судҳои
шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ иштирок
намуданд.
Аз рӯи нақшаи тасдиқшуда маърузачиён дар мавзуҳои
шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» инчунин,
тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони
воқеӣ ва хуқуқӣ дар судҳои ҷумҳурӣ, шарҳи моддаи 23
Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба
фаросарии синну соли ҷавобгарии ҷиноятӣ ва бекор
карданӣ шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси
корфарморо дар асоси моддаи 42 Кодекси меҳнати
Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Раискунандаи маҷлиси мазкур дар фарҷоми кори
семинар вобаста ба саривақт ва босифат таҳия намудани протоколҳои маҷлиси судӣ, дар мухлатҳои
муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиавӣ ба тарфҳо
супоридани санадҳои судӣ, инчунин, муомилаи хуб дар
муошират бо шаҳрвандонро ба кормандони дастгоҳи судҳо таъкид намуд.