Сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд баланд бардошта шавад

Бо эътирофи он, ки таъмин ва иҷрои қонунҳои амаликунанда бе таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ғайриимкон аст. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 таҳти №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2008 таҳти №233 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 баён гардиданд” қабул карда шудааст.

Бинобар соли 2019 ба охир расидани муҳлати барномаи мазкур, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зарур шуморидан, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи таҳия ва қабул карда шавад.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 таҳти №599 “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” тасдиқ карда шудааст.

Асосҳои ҳуқуқии Барномаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ташкил менамоянд.

Судҳо низ дар амалӣ намудани бандҳои Барнома тибқи нақша-чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла: Дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаи судҳо ба таври доимӣ маводҳои ҳуқуқӣ нашр мекунанд. Ҳангоми баргузории маҷлисҳои судӣ ва маҷлисҳои сайёри судӣ дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва идораву корхонаҳо бевосита бо мардум вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, эълони солҳои 2019-2021 “Солхои рушди деҳот , сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, амалӣ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 аҳамият ва ҷойгоҳи Конститутсия дар ҷомеаи демократӣ, ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар миёни ҷомеаи пешгирии экстремизм ва ифротгароӣ эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа пешгирии бахсус ҷавонон аз тиаъсири ҳаргуна ҳаракатҳои тундраву бегона, шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Мубориза бар зидди коррупсия” ва дигар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии амаликунанда суҳбат ороста ба саволҳои иштироккунандагон посухҳои мушахас медиҳанд.

Амалисозии Барнома оммавигардонии ҳуқуқи инсонро таъмин намуда, ба эҳтироми қонун, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли, ки дар ниҳоят сатҳи фарҳангии ҳуқуқии шаҳрвандон, ки бо рафтори қонунӣ ва фаъолияти шаҳрванди фарқ мекунад мусоидат хоҳад кард.

Яке аз роҳҳои ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои асоси Барнома ин ҷудо намудани вақти эфирӣ дар радио ва телевизион таҳти унвони “маҳфили ҳуқуқӣ” ва ташкил намудани қабули сайёри шаҳрвандон дар  асоси нақшаи тартибдодаи мақомоти иҷроияи маҳали ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошад. Ҷиҳати иҷрои ин банди Барнома ҳамкории суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо рӯзноманигорон, кормандони соҳаи телевизион ва радио ва қисмҳои ҳарбӣ дар сатҳи дахлдор ба роҳ монда шудааст.

Фаъолият дар ин самт минбаъд низ идома дода мешавад. Судяҳои суди ҳарбии гарнизони Душанбе мутобиқи нақшаи тартибдодаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои телевизиони “маҳфили ҳуқуқӣ” фаолона иштирок намуда истодаанд. Боиси қайд аст, ки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ҳарби давоми солҳои ҷори дар барномаи махсуси телевизиони вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода намуда онро сабт кардан, ки тариқи телевизиони ҷумҳурияви пахш шудан. Кормандони суд тариқи барномаҳои радио низ баромадҳо анҷом медиҳанд. Фаъолият дар самти чопи мақолаҳо дар рӯзномаҳои гуногуни даврӣ назаррас мебошад. Вобаста ба натиҷаи баррасии парвандаҳои гуногун ахбору мақолаҳо чоп гардида истодаанд ва кормандони суди ҳарбии гарнизони Душанбе дастури Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори худ дониста минбаъд низ фаолиятро дар ин самт ҷоннок менамоянд. Судяҳои суди ноҳия бо истифода аз ҳар як имконият парвандаҳои гуногунро дар мурофиаи сайёри судӣ гузаронида истодаанд. Мақсади асосии кормандони суди ҳарбии гарнизони Душанбе ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассиса ва қонунияту адолат инчунин таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимои мебошад ва назорат дар ин самт дар оянда низ пурзӯр мегардад.

 

  • Муовини раиси суди
  • ҳарбии гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия                                                     Искандарзода Б.М.