Сарбозро тарбия мекунанд ё латукӯб?

Сарбозро тарбия мекунанд ё латукӯб?

Баъзе прапоршикҳое ҳастанд, ки на ғами худро мехуранд, на ғаму падару модару хешу таборро ва даст ба ҷиноят мезананд. Дар ҳоле, ки баръакс, онҳо бояд сарбозони ба қисми ҳарбӣ даъватгардидаро тарбияву нигоҳубин намоянд ва тамоми нозукиҳои оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистону дигар қонунҳоро фаҳмонанд.

Собиқ хизматчии ҳарбӣ, прапоршик Қамаров Талабшоҳ Шамсуддинович бо Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №0656 аз 31-уми декабри соли 2015 дар вазифаи сардори хадамоти истифодабарии манзилии қисми ҳарбии 16772 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Ҳангоми дар вазифаи мазкур адои хизмати ҳарбӣ намуданаш, дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти мансабӣ задааст. Чунончи, ӯ 13-уми августи соли 2019 тахминан соати 15:00 дақиқа аз ҳадди ваколатҳои мансабиаш баромада, бархилофи талаботҳои моддаҳои 13, 21, 23 ва 64-и Оинномаи хизмати дохилӣ ва моддаҳои 4, 5, 6-и Оинномаи интизомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ҳангоми ба хобгоҳи сарбозони ротаи тирандози савораи М3-80-и қисми ҳарбӣ ворид шуданаш ба навбатчии рота-сарбози қаторӣ Кенҷаев Ҷумахон Раҳматуллоевич супориши ғайриоиномавӣ додааст, ки ба ӯ амри «Низом» диҳад. Кенҷаев Ҷ., бошад, бинобар сабаби бархилофи Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ин амрро иҷро накардааст, ки аз ин ҳолат Қамаров Т., ба ғазаб омада, бо як баста калиди дар даст доштааш ба қисмати фархи сари сарбози қаторӣ Кенҷаев Ҷ., як маротиба ва бо мушти дасти чапаш ба қисмати рости гарданаш як маротиба зарба зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

Мувофиқи хулосаи коршиноси судӣ-тиббӣ таҳти №55 аз 14.08.2019 дида мешавад, ки ҳангоми муоина ва тадқиқоти хизматчии ҳарбӣ Кенҷаев Ҷ.Р., ҷароҳати ҷисмонӣ, ба монанди захм дар ноҳияи фарқи сар аз тарафи чап дарёфт карда шудааст, ки ҷароҳат аз рӯи аломати халалёбии кӯтоҳмуддати саломатӣ дар муддати на зиёда аз 21 рӯз ба зарари сабук ба саломатӣ мансуб дониста мешавад. Аз ин кирдори Қамаров Т.Ш. ба ғайр аз зарари сабуки ҷисмонӣ расонидааш, ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи қатори Кенҷаев Ҷ.Р., ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ буда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир буда, аз тарафи давлат эътироф ва ҳифзшаванда мебошанд, зарари ҷиддӣ расонида шудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 30-юми сентябри соли 2019 Қамаров Талабшоҳ Шамсуддинович бо моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 63-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷсад) сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таъин карда шудааст.

 

  • Судяи суди ҳарбии
  • Гарнизони Душанбе
  • Подполковники адлия                                          Саидзода З.С.