САРБОЗОН ЗЕРИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТ ВА ҚОНУН ҚАРОР ДОРАНД.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе нафароне ҳастанд, ки рутбаи ҳарбии афсари майори гвардия доранду сарбози қаториро лату куб мекунанд, ки ӯ худаш фарзанд дорад ва бояд сарбозони қаториро мисли фарзандони худаш нигоҳубин кунаду онҳоро тарбия кунад, ки аз ӯ дигар кас ибрат гирад.

Мисол: Хизматчии ҳарбӣ, майори гвардия Назаров Алиакбар Маъруфович бо фармони Фармондеҳи Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №050 аз 16-уми декабри соли 2017 ба вазифаи командири ротаи ҳифз ва таъминоти қисми ҳарбии 051057 Гвардияи миллӣ таъин шуда, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта санаи 23-юми марти соли 2019 тахминан соати 11-00 дақиқа хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 051057 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбози қатории гвардия Нажмиддинов Нуралишо Маҳмадшарифович, ки дар назди хобгоҳи сарбозони ротаи ҳифз ва таъминот бо мақсади намоишкории бартарии худ бархилофи талаботҳои моддаҳои 15, 30, 31 ва 64 Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳоро вайрон намуда, ҳамхизмати худ сарбози қатории гвардия Қувватов Самандар Маҳмадназаровичро бе ягон асос бо дасти росташ як шаппот ба тарафи ҷоғи чапи ӯ зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонид.

Назаров А.М. ҳамчун командири ротаи ҳифз ва таъминот, ҳамчун шахси мансабдор бо сӯиистеъмоли ҳокимият дидаю дониста ин ҳолатро пинҳон намуда, ба роҳбарияти қисми ҳарбӣ хабар надода, бо роҳи фиреб тавассути роҳбарияти қисми ҳарбӣ ба Қувватов С.М. аз 23-юми марти  соли 2019 то 02-юми апрели соли 2019 ба муддати 10 шабонарӯз рухсатӣ додааст.

Мувофиқи хулосаи судӣ-тиббӣ аз 11-уми апрели соли 2019, таҳти №19 дар бадани Қувватов С.М. ҷароҳати ҷисмонӣ ба монанди шикасти кушодаи кунҷи ҷоғи поён аз тарафи чап, бо беҷошавии устухонпораҳо дида мешавад, ки ин ҷароҳат аз таъсири предмети кунду сахт пайдо шуда, мансуб ба зарари вазнини миёна мебошад.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 13-уми майи соли 2019 Назаров Алиакбар Маъруфович бо моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 250 (дусаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 13750 (сенздаҳ ҳазору ҳафсаду панҷоҳ) сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

Аз болои ҳукм дар муҳлати 10 (даҳ) шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эълони он тавассути ҳамин суд ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

  • Раисикунанда, Судяи суди
  • ҳарбии гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия:                                                     Рустамзода М.Р.