Сарбози фирорӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе нафароне ҳастанд, ки мақсади хизмати ҳарбиро надошта фирор намуда ба маҳбас мераванд. Инчунин ба монанди  Холматов Э.Ҳ.,  ки ӯ санаи 16.05 соли 2018 аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои адои хизмат ба қисми ҳарбии 051059 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Турсунзода фиристонида шуда, санаи 24-январи соли 2019 №21 бо фармони командири қисми ҳарбии 051059 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон наряди шабонарӯзӣ тасдиқ гардидааст, ӯ дар басти 1-ум дар постгоҳи №2 шомил ва ба ӯ силоҳи оташфишонии тамғаи «АК-74» қутраш 5,45мм силсилаи №587445 бо ду адад тирдон ва 60-дона тир вобаста карда шудааст. Ӯ зимни иҷрои вазифаҳои хизматиаш рӯзи 25-уми январи соли 2019 соати 00:30 бархилофи талаботи моддаи 175 Оинномаи хизмати гарнизони ва қаровулии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, постро бе ягон асос бо силоҳи оташфишонии мазкур тарк намуда, ба самти номаълум фирор намудааст. Рӯзи 25-уми январи соли 2019 соати 07-30 дақиқа сарбози қатории гвардия Холматов Э.Ҳ. бо силоҳи оташфишонии тамғаи «АК-74» қутраш 5,45мм силсилаи №587445 бо ду адад тирдон ва 60-дона тир аз ҷониби корманди Раёсати разведкаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардида, ба қисми ҳарбӣ баргардонида шуд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-балистики таҳти №04-/355/2019 аз 6-уми феврали соли 2016 автомати тамғаи «Калашников» АК-74 таҳти силсилаи №587445 қутраш 5,45 мм ба силоҳи оташфишон мансуб  буда, аз ҷиҳати техники дуруст ва барои истифодабари коршоям мебошад.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 12 марти соли 2019 Холматов Эгам Ҳукмонович бо моддаи 375 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 2 (ду) сол, маҳкум карда шуд.

Аз болои ҳукм дар муддати даҳ шабонарӯз, бо тавассути ҳамин суд ба Коллегияи ҳарбии Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон  шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

 

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

полковники адлия                                                    Раҷабзода Ҳ.Н.