РАФТОРИ ҒАЙРИОИННОМАВӢ САРБОЗОНРО БА МАҲБАС БУРД

 

Мунавваров Ф.Н., хизматчии ҳарбӣ, ефрейтор бо қарори комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода аз 05.04 соли 2016-ум ба хизмати муҳлатноки ҳарбӣ даъват гардида, ба­рои гузаштани дарсҳои таёрии ҳарбии ба қисми ҳарбии 06870-и Вазорати мудофиа фиристонида шуда, баъдан барои адои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 15426, воқеъ дар ноҳияи Мурғоб фиристонида шудааст. Ӯ ҳангоми адои хизмат дар ротаи тирандози савораи қисми ҳарбӣ, аз ҳиссиётҳои намоишкории бартарии худ дар санаи 22-юми марти соли 2018 соати 08-00 дақиқа, бинобар ба супоришаш оиди тоза кардани фар­ши рота беэътиноӣ намудани қаторӣ Билолов Муҳибулло Ибодуллоевич, ки дар тобеияти ӯ набуда дар майдончаи сафороӣ қарор дошт, дар ға­заб шуда талаботи моддаҳои 64 ва 65-и Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро ба танзим дароварда, муайян менамояд дағалона вайрон менамояд. Мувофиқи ин оин­номаи ҳарбӣ, хизматчиёни ҳарбӣ бояд ҳамеша намунаи ибрат бошанд, шарафи ҳарбиро муқаддас донанд, шаъну шарафи худро ҳифз карда, ба шаъну шарафи дигарон эҳтиром гузоранд, оид ба масъалаҳои марбути хизмати ҳарбӣ онҳo ба якдигар «Шумо» гуён муроҷиат кунанд. Аммо Мунавваров Ф.Н. оинномаи ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бо пои росташ як маротиба ба пои чапи Билолов Муҳибулло Ибодуллоевич зарба мезанад. Мунавваров Ф.Н ҳамчунин хизматчии ҳарбии дар боло зикршударо ҳамроҳаш гирифта ба ошёнаи сеюм ба тарафи хобгоҳи сарбозони ротаи тирандози савора бурда, дар ошёнаи якум дар назди ошхонаи сарбозон боз аз пушти Би­лолов М. сахт тела медиҳад. Ӯ такроран санаи 22.03.2018 бо сабаби ба ӯ муқобилият нишон додани Билолов М.И-ро иғвои сарбозони ротаи батареяи омехта пиндошта, бинобар хусумати дар ин замина пайдо намудааш соати 15:30 дақиқа ба взводи 3,4-и рота даромада бо Раҳматов Исмоил, Зарипов Шодмон ва дигарон ҳамхизматонаш маслиҳат кардаанд, ки бояд сарбозони ротаи батареяи омехтаро латукӯб кунанд. Мунаваров Ф. соати 19-30 дақиқа бо дигар сарбозони ротаашон баъди хӯроки шом, ба ошёнаи сеюм раҳсипор шуда, дар ошёнаи дуюм каторӣ Са­фаров Нурмуҳаммад, ки сарбози батареяи омехта буда, дар тобеъияити ӯ қарор надошт, дида дар асоси маслиҳати пешакӣ кардааш бархилофи оинномаи хизматӣ, аз ҳиссиёти намоишкории бартарии худ бо роҳи зӯроварӣ нисбат ба сарбозоне, ки дар тобеияти хизматии ӯ намебошад амал карда, номбурдаро бо мушташ ду зар­ба ба қафаси синааш мезанад. Ба ғайр аз ин, Мунаваров Ф.Н. такроран аз рӯи маслиҳати пешакии кардааш амал карда, бо ҳамхизматонаш Зарипов Ш. ва дигарон, бархилофи манфиатҳои хизматӣ, аз ҳиссиётҳои намоишкории бартарии худ бо роҳи зуроварӣ нисбат ба сарбозоне, ки дар тобеияти хизматии ӯ намебошад рафтор карда, ҳангоми ба ошёнаи 3-юм аввал шуда баромадани сарбози қаторӣ Аланазаров Баҳром Сафаралиевичро дида бо пои росташ ба қисмати қафаси синааш зарба мезанад, ки аз ин зарбаи ӯ Аланазаров Б. С. мувозинати баданашро гум карда меафтад. Ҳамхизматони дигари ӯ Зарипов Ш. ва Ҷонаков А.А. бошад сарбози қаторӣ Курбонов М-ро латукӯб карданд ва сарбози қаторӣ Ишматов Н.А. бо қисмати оҳани камарбанди сарбозӣ ба сари сержанти хурд Раҳмонов Ромиз, ки байнашон тобеъияти хизматӣ мавҷуд набуд, зада чароҳати ҷисмонӣ мерасонад. Ҳамон вақту соат лейтенанти калон Қудратов А.Ш аз ҳучраи кориаш баромада, онҳоро аз ҳам ҷудо намуда ба хобгоҳашон равон менамояд.Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе  Мунаваров Фарид Нуралиевич бо моддаи 373 кисми 2 бандҳои «а, б, в»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ишматов Неъмат Адибекович бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои «б, в»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва Раҳматов Исмоил Сайфуллоевич, бо моддаи 36 қисми 4-3 қисми 2 бандҳои «б, в» КҶ Чумҳурии Точикистон ба муҳлати 2 (ду) сол, маҳкум гардидаанд.

  • Раиси суди ҳарбии 
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                    Раҷабзода Ҳ.Н.