ПАЁМИ табрикотии раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳотам Назар бахшида ба 9-май Рўзи Ғалаба!

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат,

Ҳамватанони гиромӣ,

Ҳафтоду шаш сол аст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихи Рӯзи Ғалабаро бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд ва фоҷеаи мудҳиштарини асри ХХ ба ҳисоб меравад таҷлил менамоянд.

Дар ин набардҳо беш аз 260 ҳазор нафар фарзандони шарафманди Тоҷикистон иштирок намуданд, ки шуҷоату далерии онҳо барои наслҳои минбаъда чун дарси ибрату мардонагӣ, муттаҳидӣ ва шикастнопазирии халқҳо боқӣ мондааст. Наслҳои имрӯзу фардо бояд ҳамеша ин қаҳрамониҳои беназирро қадрдонӣ кунанд ва дар мисоли онҳо насли ояндаи худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Рӯзи Ғалабаро дар радифи санаҳои фаромӯшнопазирӣ гузошта, онро барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои насли ҷавон азизу гиромӣ арзёбӣ кардаанд.

Мардуми шарафманди кишварамон имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бистучорумин солгарди Ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ, зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар, роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созанда ва ғамхору ватандӯст таҷлил менамоянд.

Бо каомоли эҳтиром, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Иди ғалаба самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хонаи обод, сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдорро ба ин Ватан орзу менамоям.

Иди Fалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!