Оила қадру қимати гарон дорад.Задани ҳамсар бо қонун ҷазо дорад.

Оила қадру қимати гарон дорад.Задани ҳамсар бо қонун ҷазо дорад.

 Капитан Асозода Шуҳрат Сайфиддин, ки бо фармони Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 027 аз 15 июни соли 2018 ба вазифаи командири взводи таъминоти раванди таълимии машқгоҳи таълимии қисми ҳарбии 08010 Вазорати  мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст, ӯ 09 апрели соли 2019 тахминан соати 21:30 дақиқа ба маркази ноҳияи Ҷ.Балхӣ рафта, аз як мағоза машруботи спиртии пивои навъи “Сим-Сим” харидорӣ намуда, онро нушида, сипас ба манзили истиқоматии волидони ҳамсараш воқеъ дар кӯчаи А.Ҷомии ноҳияи Ҷ.Балхӣ рафт. Он ҷо ӯ тариқи телефони мобилӣ ҳамсараш Манижаи М. барои суҳбат ба берун даъват намуд. Ҳамсараш Манижаи М. бо ҳамроҳии хоҳараш ба берун баромада, дарвозаро ба рӯяш кушоданд. Ӯ ба дохили ҳавлии манзили истиқоматии волидони ҳамсараш даромада, аз хоҳарарӯсаш Зеварбонуи М. хоҳиш кард, ки аз назди ӯ ва ҳамсараш Манижаи М. дур шуда, ба ҳуҷраи манзили истиқоматиашон дарояд. Вале номбурда сухани ӯро рад карда, аз назди онҳо дур нашуд. Ӯ бо баҳонаи он, ки Зеварбонуи М. аз назди ӯ ва ҳамсараш дур шавад, ба охирин гуфт, ки рафта барояш об биёрад. Зеварбонуи М. рафта, дар як зарфи шишагини обгирӣ об оварда, ба дасти ӯ дод. Ӯ дари ҳуҷраи меҳмонхонаи волидони ҳамсарашро кушода, аз ҳамсараш Манижаи М. талаб кард, ки ба ҳуҷра дарояд. Азбаски аз даҳони ӯ бӯи машруботи спиртӣ ба машом расида ва дар ҳолати қаҳру ғазаб қарор доштааст, Манижаи М. ҳис кардааст, ки ӯ ҷои танҳои кофта истода, ӯро лату куб кардани аст. Аз ин хотир Манижаи М. сухани ӯро рад карда гуфт, ки ба ҳуҷраи меҳмонхона намедарояд, зеро ӯ мақсади лату куб карданашро дорад. Аз ин рафтори Манижаи М. ӯ ба қаҳр омада, ба дағалона вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ шурӯъ карда, зарфи шишагин (стакан)-и обдорро ба рӯи Манижаи М. ҳавола дод, ки зарф ба вай нарасида, вале обҳояш ба рӯяш пош хурд. Сипас ӯ ҳузури шаҳрванд Зеварбонуи М.-ро ба инобат нагирифта, ҳамсараш Манижаи М- ро бо алфози қабеҳ дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо дасташ ба рӯи вай як зарба зада, аз Зеварбонуи М. талаб кард, ки рафта ба модараш Гадоева С.   гӯяд, ки аз ҳуҷраи хонаашон берун шавад, зеро ӯ ҳамсараш Манижаи М-ро талоқ медиҳад. Зеварбонуи М. ба назди модараш рафт. Ӯ аз фурсати он, ки хоҳарарӯсаш Зеварбонуи М. дар наздашон нест, истифода бурда, бо зарбаи пой ба қисми шиками ҳамсараш як маротиба зад, ки аз ин зарбаи ӯ номбурда бо садои баланд доду фиғон бардошт. Садои фиғону гиряи Манижаи М- ро падару модараш шунида, аз ҳуҷраи хонаашон ба рӯи ҳавлӣ баромада диданд, ки Манижаи М. дар рӯи фарши бетонӣ афтода, ӯ дар болои сараш истода, боз қасди идомаи лату кӯб карданашро намуда истодааст. Падарарӯсаш Гиёев М. бо мақсади монеъ шудан ба вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ назди Асозода Ш.С. рафта, номбурдаро аз назди духтараш Манижаи М. дур кардани шуд. Вале ӯ бо оринҷи дасташ ба қисми рӯи падарарӯсаш Гиёев М. як зарба зада, дасту гиребони ӯро дошта, нисбаташ муқобилият нишон дод. Аз ҳолати даст ба гиребон шудани ӯ бо падарарӯсаш Гиёев М. шаҳрванд Зеварбонуи М. тарсида, аз ӯ хоҳиш кард, ки падарашро назанад. Шаҳрванд Гадоева С.М. бо  мақсади халос кардани ӯ аз шавҳараш Гиёев М.Ҷ. байни онҳо даромада, кушиши  ҷудо карданашонро намуд. Аммо ӯ бо дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муқобилиятро нисбати шаҳрванд Гиёев М.Ҷ. идома дода, қисми пешона, гардан ва дастони охиринро харошида, нисбати ҷамъият беэҳтиромӣ зоҳир карда, номбурдаро бо садои баланду дағал дашномҳои қабеҳ дод. Дар ҳамин лаҳза шаҳрвандон Алимуродова Мавҷуда Бузмаковна, Алимуродова Мунира Юлдошбоевна ва Холова Зебиниссо Самиевна, ки дар манзилҳои истиқоматиашон дар ҳамсоягӣ бо шаҳрванд Гиёев М.Ҷ. қарор дошта, ба фароғату истироҳат машғул буданд, садои дағали ҷанҷоли барпокардаи Асозода Ш.С-ро шунида, безобита гардида, аз дарвозаҳои манзили истиқоматиашон ба кӯча баромада муайян карданд, ки чунин садои дағалу ҷанҷол аз ҳавлии шаҳрванд Гиёев М.Ҷ. баромада истодааст. Шаҳрванд Гадоева С. М. дарвозаашро кушода, аз Алимуродова М. Б. ва духтари ӯ Алимуродова М.Ю. хоҳиш кард, ки ба манзили истиқоматии онҳо омада, домодаш Асозода Ш.С-ро, ки нисбати шавҳараш Гиёев М.Ҷ. ва духтараш Манижаи М. зуроварӣ нишон дода истода буд, халос намоянд. Номбурдагон ба ҳавлии шаҳрванд Гиёев М. Ҷ. даромада диданд, ки дар ҳақиқат ӯ бо шаҳрванд Гиёев М.Ҷ. даст ба гиребон буда, нисбаташ зуроварӣ карда истодааст. Ҳарду аз ӯ хоҳиш карда, талаб кардаанд, ки ба ҷанҷол хотима бахшида баромада равад. Аммо ӯ ба ҷои қатъ кардани чунин бетартибӣ ба номбурдагон ҷавоб дод, ки кори худашонро кунанд, вагарна хафаашон мекунад. Аз ин ҷавоби ӯ ба машоми номбурдагон бӯи машруботи спиртӣ расида, онҳо иброз намуданд, ки аз ҳолати маст омадан ва чунин ҷанҷолро барпо кардан, нисбати ҳамсар ва падарарӯсаш зуроварӣ истифода бурдан ва мардумро дар ин нисфи шаб безобита кардан шарм дорад. Ин вақт, шаҳрванд Холова З.С. низ аз манзили истиқоматиаш садои чунин дағалиро шунида, безобита шуда, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Гиёев М.Ҷ. омада, шоҳиди ин ҳодиса гардида, айнан ба мазмуни гуфтаҳои шаҳрвандон Алимуродова М.Б. ва Алимуродова М.Ю. ба ӯ чунин насиҳат кард. Вале ӯ ҳамоно ба ин қонеъ нашуда, беэҳтиромиро нисбати ҷамъият идома ва ба эродҳои атрофиён аҳамият надода, бо рафторҳои дағалонааш боз муқобилиятро нисбати шаҳрванд Гиёев М. идома дода, кӯшиши такроран мавриди лату кӯб қарор додани Манижаи М-ро кард. Аммо Гиёев М. монеи ин кирдорҳои ӯ гардида, нагузошт, ки боз духтараш Манижаи М. лату куб шавад.

Мувофиқи хулосаи экпертизаи судӣ-тиббӣ аз 29 майи соли 2019 таҳти № 32 дар бадани Манижаи Маҳмадулло ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба монанди варами сурхчатоби гулоби дар мавзеи пушти бинӣ, болои қоши рост ва хуномос дар мавзеи пилки болои чашми рост дарёфт карда шуда, оқибати тезгузаранда дошта, мансуб ба зарари саломатӣ набудааст. Чунин ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисмҳои сахту кунд мумкин дар санаи 09 апрели соли 2019 бардошта шуда бошанд.

Инчунин, мувофиқи хулосаи экпертизаи судӣ-тиббӣ аз 29 майи соли 2019 таҳти № 32 дар бадани Гиёев М.Ҷ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба монанди пустхарошӣ дар мавзеи чакаи сар, варами бофтаҳои мулоим дар мавзеи кунҷи ҷоғи поён ва варами сурхчатоби гулобӣ дар дасти рост дарёфт карда шуда, оқибати тезгузаранда дошта, мансуб ба зарари саломатӣ набудааст. Чунин ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисмҳои сахту кунд мумкин дар санаи 09 апрели соли 2019 бардошта шуда бошанд.

 

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Асозода Шуҳрат Сайфиддин бо моддаи 237 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 (як ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 55000 (панҷову панҷ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд. 

Нисбати ҳукм тарафҳо метавонанд ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд дар давоми 10 (даҳ) шабонарӯз бо риояи қисми 9-и моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътирози кассатсионӣ оваранд.

 

  • Раисикунанда, Судяи суди
  • ҳарбии гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия:                                                          Рустамзода М.Р.