Қоидавайронкуни дар роҳ боиси ҷароҳат бардоштани шахс гардид.

Хизматчиёни ҳарбӣ бояд содиқ ба Ватан бошанд ва содиқ бимонанд, аммо баъзеи онҳо на ғами дунё ва на ғами падару модар доранд. Чунки онҳо даст ба ҷинояти қойдавайронкунӣ дар роҳ мезананд.

Чунончӣ пропоршик Сатаров Ҳабибулло Раҳматович, ки қаблан бинобар вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути автомашинаи шахсиаш маводи санҷишӣ нисбаташ 19-уми октябри соли 2018 аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе бо сабаби пушаймони аз кирдор аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар қими ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни идораи воситаи нақлиёт дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда дар ҳолатҳои зерин ҷиноят содир намудааст. Ӯ санаи 11 июни соли 2019 тахминан соати 11:25 дақиқа автомашинаи шахсиаш тамғаи «Дэу Сиело» рақами давлатиаш 5633 СТ 01-ро бо мақсади таъмир намудани чархи эҳтиётиаш аз хонаашон ронда тавассути кӯчаи Сурхоби ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳаракат кардааст. Зимни аз самти роҳи автомобилгарди кӯчаи Сурхоб ба ҷониби кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳаракат намудан тахминан соати 11:30 дақиқа дар ҳудуди кӯчаи Сурхоб ӯ талаботҳои бандҳои 130 сархати 2 ва 131 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намуда суръати ҳаракати автомашинаро баланд кардааст. Бинобар ин, номбурда аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Оева Суман Набиуллоевнаро, ки дар канори рости роҳ рафта истода будааст бо қисмати рости автомашинааш пахш намудааст. Дар натиҷаи ин беэҳтиётии ӯ ҷузъдони дар дасти шаҳрванд Оева С.Н., мавҷуд буда оинаи назораткунандаи тарафи рости автомашинааш дармонда баъди нигоҳ доштани автомашина охирин ба замин афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли шикасти пушидаи буҷулаки дарунаи соқи пойи рост ва шикасти пушидаи сеяки поёнии соқи хурд бо беҷошавӣ бардошта, зарари ҷисмонии дараҷааш миёна ба саломатӣ гирифтааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №5137 аз 19 августи соли 2019 бармеояд, ки дар натиҷаи аз тарафи хизматчии ҳарбӣ Сатаров Ҳ.Р., ба воситаи автомашинаи таҳти идорааш қарордошта пахш намудани пиёдагард Оева С.Н., номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли шикасти пушидаи буҷулаки дарунаи соқи пойи рост ва шикасти пушидаи сеяки поёнии соқи хурд бо беҷошавӣ бардоштааст, ки он мансуб ба зарари ҷисмонии дараҷааш миёна ба саломати буда, аз таъси ҷисми (ҷисмҳои) сахту кунд мумкин аст 11 июни соли 2019 дар ҳолатҳои боло зикршуда бардошта шудаанд, ки сират ва сифати ҷароҳат ба он ишорат менамоянд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-автотехникӣ таҳти №470 аз 23-юми июли соли 2019 бармеояд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Сиело» рақами давлатиаш 5633 СТ 01 хизматчии ҳарбӣ Сатаров Ҳ.Р., бинобар риоя накардани талаботҳои бандҳои 130 сархати 2 ва 131 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба садама дучор гардидааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Сатаров Ҳабибулло Раҳматович бо моддаи 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷсад сомонӣ) бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 1 (як) сол таъин карда шудааст.

 

 

  • Судяи суди ҳарбии
  • Гарнизони Душанбе
  • Подполковники адлия                                          Саидзода З.С.