Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд   15.10.2020

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ ба ифтихори 700-солагии зодрӯзи шоири классики тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ширкат варзида, бо сокинони вилоят суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳанд, як қатор корхонаҳои саноатиро ифтитоҳ бахшида, барои сохтмони иншооти нав санги асос мегузоранд ва бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ шинос мешаванд.