ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 01-уми апрели соли 2022 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он муташаккилона ҷараён дорад.
Бояд тазаккур дод, ки шумораи ҷавнони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин ба масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват имконият медиҳад, ки аз байни онҳо беҳтаринҳо ҷудо карда шаванд. Зеро, натиҷаҳои чорабиниҳои даъватӣ ба вазъи омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири бевосита мерасонад. Аз ин сабаб, масъулини даъват кӯшиш мекунанд, ки танҳо ҷавонони солиму бардам ва болаёқат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват ва гусел карда шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ ба хусус, ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат, агар аз як тараф, ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар, ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ ба он мусоидат намудааст. Зеро, дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ташкилу ба роҳ мемонад, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, монеаву мушкилот кам ба назар мерасад. Илова бар ин, дар даврони истиқлоли давлатӣ хушбахтона, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароитҳои хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар фазои сулҳу суботи кишвар ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.
Манбаъ: Сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон