НАТИҶАИ ЯКМОҲАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ

Аз якуми апрели соли равон дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта,  масъулини комиссияҳои даъватӣ ва мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аст, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад.

Дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд.

Дар миёни дигар минтақаҳои кишвар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол пешсаф б

уда, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват нақшаи ба онҳо пешбинишударо дар давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ, беш аз 70 % иҷро намуданд. Дар ин муддат аллакай  ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз дар рӯзҳои нахустин ва давоми як моҳи ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ноҳияҳои Н. Хусрав, Ш. Шоҳин, Фархор, Балҷувон ва ноҳияи Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят ба наздики 70 фоиз баробар намуданд.

Чорабинии бошукӯҳи идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан дар давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 55 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстону Шаҳристон ва Кӯҳистони Масчоҳ иҷрои нақшаро аллакай пурра ба анҷом расониданд.

Умуман, шурӯъ аз якуми апрели соли равон, иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳи ҷараёни он дар ҷумҳурӣ наздики 70 фоизро ташкил намуда, то ин дам 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, ба хусус, ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист, барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан, ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.

Дар давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки ҷавонписарони ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омада ва маълумоти олӣ дошта, баҳори соли 2022 нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд мебошад.

Умуман, агар аз як тараф омилҳои зиёд гардидани шумораи ихтиёриён барои шомил шудан ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат он боиси пеш аз муҳлат ба анҷом расидани нақшаи даъват гардидааст, ба фазои сулҳу суботи Тоҷикистони маҳбуб ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои давлатии даъват вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои хуби моддиву таълимӣ, дар ҷузъу томҳо арзёбӣ мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, шароитҳои хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар имкон доранд, ки дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ва дар Ватани биҳиштосои худ хизмати пуршарафи Модар — Ватанро адо намоянд.

 

Манбаъ: Маркази матбуоти Вазорати  мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Нашр: 03.05.2022 )