НАҚШАИ ДАЪВАТ БА АРТИШ 66 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Дар давоми 20 рӯзи ҷараёни даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ 66 фоиз иҷро шуд.

Дар ин замина шаҳру навоҳии ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Бо ҳамин тартиб дар давоми 20 рӯзи моҳи октябри соли равон мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, натиҷаҳои дилхоҳу назаррасро ба даст оварда, иҷрои нақшаро ба 73,3 фоиз баробар намуданд.

Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон низ муташаккилона ва дар сатҳи баланд идома дошта, масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар давоми ду даҳрӯза ба муваффақиятҳои басо ҳам хубу назаррас ноил гардиданд. Зимнан, аз 1-ум то 20-уми октябри соли равон шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аллакай иҷрои нақшаи даъвату гусели ҷавонписарони Ватанро ба сафи Артиши миллии мамлакат 71 фоиз иҷро намуданд.

Новобаста аз он, ки чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ идома меёбад, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ аллакай дар давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаро ба 54 фоиз баробар намудаанд.

Ҳамин тавр, дар муддати 20 рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2023 иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе наздики 65 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд.

Барои маълумот ёдовар мешавем, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии  шаҳрвандони солҳои таввалуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми октябри соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона оғоз ёфта, он то охири моҳи ноябри соли равон идома меёбад.

манбаъ: mort.tj